Бо мақсади татбиқи Нақшаи асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2022, рӯзҳои 16-18 майи соли 2022 дар шаҳри Роғун кормандони Кумита тамринҳо гузарониданд.
Кормандони КҲФ дар давоми се рӯз вазъи омодагӣ ва машқҳои ҳамаҷонибаи воҳидҳои Низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаро дар мавзӯи «Амалҳои роҳбарият, қувва ва воситаҳои Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар натиҷаи боронҳои пуршиддат, селҳо, ярч, сангрезӣ ва заминларза”-ро тамрин карданд.
Дар ин машқҳо раисони комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодда, эвакуатсия, хадамоти мудофиаи гражданӣ, аъзоёни воҳидҳои низоми ягонаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳр, ҷамоатҳои деҳот ва сохторҳои иқтисодӣ иштирок намуданд.
Дар машқҳо омодагии сохторҳои мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда, Низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, қувваю воситаҳо ба боронҳои шадид, сел, шамоли сахт ва эвакуатсияи аҳолии ҷамоатҳои шаҳри Роғун баррасӣ шуд.
Ғайр аз ин, иншоотҳои муҳофизатии мудофиаи гражданй ба ҳолати омодабош дароварда шуданд, дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, низомҳои огоҳкунии саривақтии аҳолӣ аз ҳолати фавқулодда ва ё таҳдиди он санҷида шуда, корҳои соҳилбандӣ гузаронида шуданд.