Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар остонаи фаро расидани фасли гармо ва оғози мавсими оббозӣ даст ба корҳои таблиғотӣ заданд ва мардумро аз паёмадҳои нохӯшӣ оббозӣ дар мавзеъҳои хатарнок, надонистани қоидаҳои шиноварӣ ва ғайра огоҳ намуданд. Силсилаи ин гуна корҳо зарфи чанд рӯзи гузашта дар шаҳри Бохтар ба роҳ монда шуд.
Бо истифода аз таҷҳизоти таблиғотӣ, аз ҷумла баландгӯякҳо кормандон дар ҷойҳои серҷамъият бо мардум суҳбатҳо гузарониданд.
Инчунин хизматчиёни ҳарбии Раёсат корҳои таблиғотӣ дар масҷиди марказии ба номи «Ҳазрати Муҳамад (с)», масҷиди ҷомеаи ба номи «Имоми Аъзам», «Ҳоҷӣ Муҳамадшарифи Соҳибзода», «Абдулло Бобохонов» ва «Абубукри Сиддиқ» - и шаҳри Бохтар ба роҳ монданд, ки дар ин ҷамъомадҳо ҳудудан то 3860 нафар намозгузорон ширкат намуданд.
Мавзӯи суҳбатҳо асосан риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ буд. Ба сокинон гуфта шуд, ки аз беназоратии волидон кӯдакону наврасон дар обҳо ғарқ мешаванд ва ин фоҷеаҳо як умре ҷароҳат дар дили волидон мегузоранд. Аз ин рӯ, бояд падарону модарон ва афроди калонсол талош кунанд хурдсолон танҳо ба назди махзанҳои об нараванд.
Ҳамзамон дар ҷараёни роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар масҷиди ҷомеаи ба номи «Хоҷа Мастон»-и шаҳри Левакант бо иштироки муовини сардори Раёсат, полковник Ҳалимзода М, сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Левакант подполковник Назаров Т. шаҳрванд Ашӯрмаҳмад Юсупов, ки рӯзи 2-уми май Мавзуна Пирмуродоваи ноболиғро аз ғарқ шудан дар канали обгузари деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант наҷот дода буд, бо Сипосномаи Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон қадрдонӣ ва дар ҳузури намозгузорон бо изҳори миннатдорӣ тақдим карда шуд.
М.Муйдинов