Бегоҳии рӯзи 14-уми майи соли равон як сокини кӯчаи Абдурраҳмони Ҷомӣ 30, ноҳияи Синои пойтахт ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки ба сабабҳои номаълум таҳхонаи ин бино аз об пур шудааст.
Бо дарёфти хабар Дастаи махсуси зудамали наҷот Раёсати КҲФ дар шаҳри душанбе ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуд.
Онҳо бо ёрии насосҳои обкашӣ оби таҳхонаро пурра кашиданд ва то соати 22:30 дақиқа ҳолати хатар дар ин бино бартараф карда шуд.
***** ***** ****
Субҳи рӯзи 14-уми майи соли 2012 ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз шикастану болои бинои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ чаппа шудани як дарахти азими сояафкан хабар расид.
Барои бартараф намудани ҳолати баамаломада соати 8:30 дақиқа Дастаи махсуси зудамали наҷот Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе дар ҳайати 4 нафар ба макони ҳодиса эъзом шуданд.
Ҳолати баамаломад ба зудӣ бартараф карда шуд.