Марги хонандаи синфи 10 дар Нуробод, ки моҳишикор рафта буд

Сардори   бахши  Кумитаи  ҳолатҳои   фавқулодда  ва  мудофиаи    граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод аз марги фоҷеавии як хонандаи синфи 10 аз рустои Деҳишои ноҳия хабар дод, ки ҳангоми моҳидорӣ дар рӯди Вахш ғарқ шудааст.

Ин ҳодиса бегоҳии рӯзи 13-уми май рух додааст. Дастаи ҷустуҷӯву наҷоти Кумита, ки бо дарёфти хабар ба зудӣ ба ҷойи ҳодиса расида буд, то соати 23:20 дақиқаи ҳамон рӯз ҷасадро ҷуст, вале пайдо нашуд. 

Рӯзи 14-уми май аз субҳ корҳои ҷустуҷӯӣ аз сар гирифта шуданд ва  тахминан  соати 13:35 дақиқа ҷасади ноболиғро пайдо ва аз об берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориданд.

Сабаби фоҷеа дақиқан маълум нест. Аммо гумон меравад риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ ва шиноварӣ натавонистани марҳум аз сабабҳои ин ҳодиса бошад.

барчасп: