Бино ба маълумоти фаврии Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 12-уми майи соли 2022 года соати 17:33 дақиқа шамоли сахт як қисми боми муассисаи таҳсилоти умумии №16 ва як хонаи истиқоматӣ дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ-ро ба замин зад. Барои муайян кардани ҳаҷми зарари расида дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ноҳиявии ҳолатҳои фавқулодда фаъолият мекунад. Талафоти ҷонӣ бар асари ин ҳодса ба қайд гирифта нашудааст.
Бар асари боришоти шадид ва боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо сел 7 қитъаи замини наздиҳавлигии маҳаллаҳои Лангар, Хелесон ва Ибод Файзуллоеви ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфараи вилояти Суғдро зери об кардааст. Ҳамзамон сели омада ба 350 метр селроҳаи Лангар ва канали Мастчои деҳаи Хоҷа Аълоро зарар расонидааст.
Инчунин роҳи автомобилгарди маҳалаи Таги Саддаи ҷамоати деҳоти Сурх муваққатан баста шуда, бо истифода аз техникаҳои муҳандисии хадамоти дахлдори шаҳри Исфара аз қуму шағал тоза гардида, барқарор карда шуд, талафоти ҷонӣ ва зарари ҷисмонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Айни замон дар ҷои ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулодда кору фаъолият намуда, ҳаҷми зарари расида муайян карда мешавад.
Тақрибан соати 17:30 дақиқа, бинобар сабаби борони зиёд дар ҷамоати деҳоти Моғиён, деҳаҳои Хурмӣ, Пули Гирдоб ва Ғезан сел ба заминҳои кишоварзӣ ва заминҳои наздиҳавлигии сокинон даромада зарар расонид.
Дар ҷамоати деҳоти Моғиён деҳаҳои Суҷина, Косатарош сел ба заминҳои кишоварзӣ ва заминҳои наздиҳавлигии сокинон ворид шудааст. Бар асоси маълумотҳои пешакӣ ба 3 хонаҳои истиқоматии сокинони маҳалаи Зарафшони деҳаи Суҷина ҷамоати деҳоти Суҷина ва ба 2 хонаҳои истиқоматии шаҳрвандони деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Косатарош селоба даромада зарар расонидааст.
Талафоти ҷонӣ ва зарари ҷисмонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Айни ҳол ҳайати комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар ҷои ҳодиса кору фаъолият доранд, ҳаҷми зарари расида муаяйн карда мешавад.
Даст дармондаи хамиргар дар мошини хамиршӯрӣ
Ҳодисаи нохуш дар қаламрави шаҳри Ҳисор рух додааст.
Соати 09:30 дақиқаи рӯзи 12-уми май дар қисми навбатдории КҲФ раиси маҳалли “Ҳаёти нав”-и ҷамоати деҳоти Ҳисор ноҳияи Ҳисор занг зада, хабар дод, ки ҳангоми кор бо дастгоҳи хамиршӯрӣ дасти нонпази 36-солаи комбинати “Нобиноён” дармондааст.
Барои расонидани кӯмаки фаврӣ дастаи имдодгарони Кумита ба ҷойи ҳодиса равон карда шуданд. Онҳо бо ёрии техникаи махсус дасти дар таҷҳизот дармондаи нонпазро раҳо карданд.
Наҷотдиҳандагон ба ҷабрдида ёрии аввалияи тиббӣ расонданд ва баъдан ӯро фавран ба бемористони шаҳри Ҳисор интиқол доданд.
Номбурда вақти кор ба қоидаҳои бехатарии истифода мошини хамиршӯрӣ риоя накардааст.