Заминларза. Маркази он қаламрави Ӯзбекистон буд

Бино ба маълумоти Институти геология ва сохтмонҳои ба зилзила тобовари ҷумҳурӣ 12-уми майи соли равон, соати 15:28 дақиқа дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон замин такон хӯрд.

Ин манбаъ маркази заминларзаро 173 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 20 км аз ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон эълон кард.

Бино ба гузориш қувваи заминларза дар маркази он 6 балл, дар шаҳри Душанбе 3-4 балл буд.

Аз талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар дар ҳудуди Тоҷикистон гузориш нарасидааст.

барчасп: