Ҳавои боронии имрӯзу рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинонро аз ҳавои номусоиди рӯзҳои 14-15-уми май огоҳ мекунад. Ин ду рӯз боронҳои пуршиддат дар қаламрави кишвар (ба истиноси ВМКБ) метавонанд зиндагиро дар баъзе манотиқ ба мушкил рӯбарӯ сохтаву сатҳи об дар рӯдхонаҳо боло равад.

Имрӯз, 13-уми май ва то рӯзи 16-уми май боронҳои дар маҳалҳои ҷудогонаи баъзе ноҳияҳои кӯҳии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи марказ метавонад сабабгори омадани селҳо шаванд. 

Боронҳо дар ми нтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ, талу теппаҳо ҳамчунин метавонанд боиси рониши замин, канда шудани садҳои зидди сел, харобии пулҳои мошингузару одамгузар шаванд. Ҳавои номусоид чорвочарониро низ мушкил мекунад.

Болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо ва обхезиву селҳо метавонанд боиси зери об мондани киштзор ва зироатҳои кишоварзӣ гардад. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳамеша сокинон ва меҳмонони кишварро ҳушдор медиҳад, ки дар чунин рӯзҳо аз сафарҳои безарарат бо роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд. Рафтан ба шикор, ғунучини ҳезум ва рустаниҳои дорувор, занбӯруғҳо ва ё рафтан ба соҳили кӯлу обанборҳо барои моҳидорӣ маслиҳат нест. 

Кумита аз мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо хоҳиш мекунад ба хотири пешгирӣ аз хатари селҳо сари вақт дар минтақаҳои осебпазир ҳашарҳои умумихалқӣ ташкил кунанд ва ҷӯю каналу селроҳаҳои наздики маҳалҳои истиқоматро аз ҳар гуна сангу сангреза ва хасу хасрубаҳо тоза намоянд. 

Кумита ба хотири пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш дар роҳҳо аз ронандагон бо эҳтиром хоҳиш мекунад, қоидаҳои ҳаракатро ҷиддан риоя намоянд. Бахусус дар соатҳои боронӣ ҳаракат дар роҳҳо мушкил аст ва боло бурдани суръати ҳараат ҳамеша хатар дорад.

барчасп: