Ҳашари умумӣ дар Шаҳринав

Кормандони КҲФ бо ҷалби аҳолии маҳаллӣ бо мақсади пешгирии офатҳои табиӣ, омадани сел ва ярч дар минтақаҳои хатарнок дар ҳудуди як қатор маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияи Шаҳринав ҳашарҳои дастаҷамъона ташкил ва гузарониданд. Онҳо селроҳаҳо ва чӯйбору соҳили каналҳо ва заҳбурҳоро аз ҳар гуна  бодовардҳо тоза карданд.

Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода, сардори Сарраёсати мудофиаи граждании Кумита полковник Вализода Х. ширкат намуданд.

Дар ин чорабинӣ беш аз 800 нафар ва қувваву воситаҳои воҳидҳои ҳудудии низоми ягонаи давлатии пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, аҳолии ҷамоатҳои деҳоти ноҳия, инчунин воҳидҳои техникаи вазнини муҳандисӣ сафарбар карда шуданд. 

Илова бар ин, бо кӯшиши аҳолии маҳаллӣ бо ҷалби техникаи махсус дар ҳудуди деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти ба номи А.Ҳасанов дарозиаш 100 метр ва бари 85 метр аз лой ва лой тоза карда шуд.  

барчасп: