Рӯзҳои 5 - 6 майи соли 2022 дар шаҳри Норак минтакаи манзили №2 деҳаи Лангар кучаи Сафаралӣ Ниёзов ва дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамоати шаҳраки Панҷ деҳаи Озодӣ №1, мавзеъи 119 км шоҳроҳи аҳамитяти байналмиллалӣ дошта байни ноҳияҳои Ҷайҳун ва Панҷ бо ҷалби қувва ва воситаҳои зернизоми ҳудуди Низоми ягонаи давлатии шаҳри Норак ва ноҳияи Ҷайҳун ва аҳолии деҳаҳои мазкур ҳашари дастаъҷамъона гузаронида шуд.
Дар ин чорабиниҳо 8 адад нақлиётҳои боркаш, 3 адад экскватор, 3 адад борбардор, 1 адад грейдер ва зиёда аз 195 нафар кормандон ва аҳолӣ ҷалб карда шудаанд.
Ин тадорукот бар асоси амри Раиси вилояти Хатлон «Дар бораи ташкил ва гузаронидани машқҳои ғайринақшавӣ бо ҷалби қувва ва воситаҳои Низоми ягонаи давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ» сурат мегирад.