Ба ин хабар сарлавҳаи дигаре, ки муносиби ҳол бошад, пайдо накардем. Ҳодиса рӯзи иди Фитр рух дод. Се хоҳаракони аз 3 то 7-сола дар канали деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант ғарқ шуданд. Агар Ашӯрмаҳмади 40-сола намебуд, ин хонадон умре дар мотами се фарзанд менишаст. Беназоратии волидон ҳамеша мусибат ба тифлони онҳост. Зарфи ду соли охир борҳо аз ин гуна ҳодисаҳо бонги хатар задаем, аммо чаро ба гӯши падару модарон намерасад?
2 майи соли 2022 тахминан соатҳои 10:25 навбатдори ШКВД шаҳри Левакант хабар дод, ки дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Ваҳдат ш. Левакант, се нафар кӯдакони хурдсол дар канали обгузари назди деҳа ғарқ шудаанд.
Вақте дастаи наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расиданд, маълум шуд, ки Ашӯрмаҳмад Юсуфов, сокини ҳамин деҳа тифлакони ғарқшударо наҷот додааст. Духтаракон ҳама узви як оила буда, 3 – 7 сол доштанд.
Ин се нафар дар рӯзи ид хостанд аз канали деҳа убур кунанд, вале дар об сарозер шудаанд. Ашӯрмаҳмад раҳгузари тасодуфӣ буд, ки ин манзараро дида зуд худро ба об андохт ва онҳоро аз марг наҷот дод.
Дар айни замон саломатии ду нафари онҳо хуб аст, аммо духтари сеюмро дар ҳоли вазнин дар бемористон бистарӣ карданд. Духтурон дар айни замон саломтии ӯро рӯ ба беҳбудӣ арзёбӣ мекунанд.