Боронҳои баҳорӣ, ки рӯзҳои охир сабаби омадани селҳои харобкор ба гӯшаву канори кишвар шуданд, як бори дигар ин нуктаро хотиррасон мекунанд, ки омодагӣ ба ҳар гуна ҳодисаҳои фавқулода боиси коҳиши хатар ва зарар мешавад.
Дар иртибот ба баланд шудани хавфи эҳтимолии фалокатҳои табиии гуногун – селҳо, ярч, тарма, обхезӣ ва ғайра кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати омодабош қарор дода шуданд.
Бо дастури Раиси КҲФ Гурӯҳҳои корӣ таҳти сарварии муовини аввал ва муовинони Раиси Кумита созмон дода шуданд. Ин гурӯҳҳо дар маҳалҳо табдирҳои эҳтиётии пешгирикунанда меандешанд, бо ҷалби аҳолии маҳалҳо дар минтақаҳои осебпазир “ҳашар”-ҳои умумӣ мегузаронанд. Ҳамчунин омӯзишҳои ғайринақшавии мудофиаи гражданӣ мегузаронанд, ки ҳадаф аз он омода намудани аҳолӣ ба офатҳои табии эҳтимолӣ ва коҳиши хатари офатҳо мебошад.
Ин шабу рӯз бахусус ин гурӯҳҳо дар ноҳияҳои мухталифи вилояти Хатлон фаъоланд. Танҳо 5-уми майи соли равон кормандони Кумита якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, бо ҷалби техникаи махсус ва аҳолии маҳалҳо корҳои зиёдеро дар тоза намудани соҳили рӯдхонаҳо, селроҳаҳо, роҳҳои мошингард ва сойҳову ҷӯву заҳбурҳо ва ғайра анҷом доданд. Дар роҳандозии ин корҳо бештар аз 1500 нафар ширкат намуданд.
Чунончӣ, дар қаламрави 10 ҷамоати деҳоти ноҳияи Восеъ, 3 ҷамоати ноҳияи Ҳамадонӣ, 8 км роҳи байни деҳаҳо ва селроҳаи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, 200 метр селроҳа, 1600 метри мукааб канал, 500 метр роҳи байни деҳаҳои ноҳияи Данғара, 560 метр қубурҳои обгузар аз лойю лойқа, 450 метр қубурҳои таъминоти об дар қаламрави ноҳияи Темурмалик тоза карда шуданд.
Дра ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Балҷувон, Муъминобод, Фархор ва Ёвони вилояти Хатлон кормандони масъули Кумита бо иштироки роҳбарони ноҳияҳо омӯзишҳои омодагии аҳолӣ, ҷалби қувва ва воситаҳои шаҳрҳо ва ноҳияҳо барои роҳандозии корҳои пешгирикунанда ва поксозӣ гузарониданд.
Ҳамзамон бо ин гурӯҳи корӣ миёни аҳолии минтақаҳо дар мавриди хатари офатҳои табиӣ корҳои таблиғотӣ роҳандозӣ мекунад ва барои пешгирӣ аз паёмадҳои нохӯши ин офатҳо тадбирҳо меандешад.