Дар Раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ – наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими анҷоми давраи омӯзишӣ барои 15 нафар имдодгарони ҷавони Кумита аз тамоми манотиқи кишварамон баргузор гардид.
Наҷотдиҳандагон дар тӯли як моҳ усулҳои нави амалиёти наҷоти фаврӣ бо истифода аз як қатор таҷҳизоти махсус ва воситаҳои муҳофизати инфиродиро омӯхтанд.
Ин давраи омӯзишӣ бо ҳадафи ошноӣ ва беҳбуди иҷрои амалиёти ҷустуҷӯӣ ва наҷот дар сурати вуқӯъи офатҳои табиӣ буд. Тарзи дарсҳо ба наҷотдиҳандагони ҷавон имкон хоҳад дод, ик таҷрибаи пешгузаштагони худро омӯзанд ва малака ва дониши худро пурра кунанд.
Дар маросими хатми давраи омӯзишӣ ширкаткунандагони он соҳиби шаҳодатномаҳои хатм шуданд.