Нимишабии 6 майи соли 2022, соати 01:25 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ки дар миёни рӯди Душанбе, дар наздикии тарабхонаи “Яккасарой” дар яке аз девораҳои оҳанубетонии мобайни дарё ҷавоне дармондааст.
Дарҳол гурӯҳи наҷотдиҳандагони Бахши вокуниши сареъи КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар шуданд. Наҷотдиҳандагон ҳангоми расидан маълум карданд, ки ҷавон бо сабабҳои номаълум дар миёни дарё худро андармон кардааст. Ҷараёни об тарсро дар дилаш ҷо кардаву ёрои ҳаракат накардааст.
Ҳарорати оби дарё дар замони оғози амалиёти наҷот 15-17 дараҷа гарм буд. Имдодгарон бо истифода аз ресмони бехатарӣ то ба назди ҷавон худро расонданд, ӯро бо ресмон бастанд ва аз миёни дарё ба соҳил кашиданд.
Ҷавон 19 сол доштааст. Сабаби ба ин ҳол гирифтор шуданаш маълум нашуд. Ба ёрии тиббӣ ниёз дошт ва фавран ӯро ба бемористони “Истиқлол” интиқол доданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон хоҳиш мекунад ҳангоми ҳузур дар наздикии махзанҳои об ва ё қасди шиновариву оббозӣ кулли қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.