Борону селҳои шабонарӯзи гузашта дар кишвар. Хатар ҳамоно бартараф нашудааст!

Шаби 5-ум ба 6-уми майи соли равон дар натиҷаи боронҳои пуршиддат сатҳи об дар рӯдхонаҳои Қаратоғ, Ширкент, каналҳои Хоҷанақширон, Заркамар ва Муллошодӣ боло рафта, боиси омадани сел шуд. Сел дар деҳаи Ҳамадонии ҷамоати деҳоти ба номи Т.Туйчиеви шаҳри Турсунзода 75 қитъаи наздиҳавлигии сокинонро хароб кард.

Ҳамчунин, боронҳои пуршиддат сабаби резиши сел аз теппаҳои атрофи деҳаи Файзбахши ҷамоати деҳоти 10-солагии Итиқлол шудааст. Ин ҳодиса ба зери об мондани 237 хонавода таҳдид мекунад.

Барои бартараф кардани паёмадҳои офати табиӣ қувваҳо ва воситаҳои Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Турсунзода ҷалб шудаанд. Барои тоза кардани таҳхонаҳо ва қитъаҳои замин аз селобаву лойқа корҳо дар ҷараёнанд. Ҳамзамон Комиссияи мизони зарари расидаро ҳисоб мекунад.

Барои пешгирӣ аз паёмадҳои омадани сел ба ҷойи ҳодиса гурӯҳи фаврӣ бо сарварии муовини Раиси КҲФ И.Иброҳимзода ва Комиссияи шаҳрии ҲФ сафарбар шудаанд. Аҳолӣ муваққатан ба ҷойи амн интиқол дода шуд. Ин ҳодиса талафоти ҷонӣ надошт.

Ғайр аз ин 6-уми майи соли 2022 тахминан соати 01:45 дақиқаи вақти маҳаллӣ сели азим 25 қитъаи наздиҳавлигиро дар деҳаи Обшорони ҷамоати деҳоти Чоряккорон, 4 қитъаи наздиҳавлигиро дар деҳаҳои Эсанбой ва Хоҷабулбулони ноҳияи Рӯдакӣ зери обу лой кард. Девори як хонаи истиқоматиро вайрон ва 450 метр роҳи байни деҳаҳоро хароб намуд.

Дар айни замон паёмадҳои офат бартараф карда мешаванд. 

Бино ба маълумоти пешакӣ дар қаламрави шаҳри Панҷекати вилояти Суғд рӯзи 5-уми майи соли 2022 соати 16:30 дақиқа сел дар деҳаи Нуристони ҷамоати деҳоти Чинор сабабгори ҳалокати 15 сар чорвои калони сокинони русто шудааст.

Дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд боронҳои пуршиддат ва сели азим ба пуле, ки аз тариқи ҷамоати деҳоти Ғазантарак мегузарад, зарар расондаанд. Инчунин 9,7 километр қубури обгузари Даҳансой низ зери хатар мондааст. Барои бартараф намудани паёмадҳои офати табиӣ қувва ва воситаҳои Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Деваштич ҷалб шудааст.

5 майи соли 2022 наздик ба соати 17:10 дар натиҷаи боронҳои пуршиддат дар қаламрави маҳаллаҳои Темурмалик ва Навбунёди ҷамоати деҳоти Д.Холматови ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд сел ба қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон қисман зарар расонд. Ин зарар аз ҷониби Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда ҳисоб мешавад.

6-уми майи соли 2022 соати 00:00 дар ҷамоати деҳоти Симиганҷ, Чӯянгарон ва Ромити шаҳри Ваҳдат бар асари боришоти бефосила сатҳи оби дарёҳо аз меъёр зиёд шуда, хатари зери об мондани роҳи мошингарди Ваҳдат – Чӯянгарон – Ромит шуд. Дар натиҷаи ин ҳудудан 1 километр роҳи мошингард аз лойобаву сангу рег пур шуд.

То соати 03:50 дақиқаи вақти маҳаллӣ бо ёрии кормандони шуъбаи КҲФ дар шаҳри Ваҳдат, хадамоти роҳ ва ШКД паёмадҳои ин ҳодиса бартараф шуд ва ҳаракати мошинҳо қисман аз сар гирифта шуд.

Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо партоби 128 мушаки “Аллазан” хатари резиши жоларо дар қаламрави шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор ва ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон бартараф намуд. 

Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон ҳавои ноустувору сербориш тоо охири ҳафта дар қаламрави кишвар боқӣ мемонад.

Дар ҳамин иртибот чун ҳамеша Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили дарёҳо ва дигар махзанҳои об худдорӣ намоянд. Сафарҳои безарурат бо роҳҳои кӯҳӣ ва масирҳои сайёҳӣ низ маслиҳат нест.

Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳои сербориш ҳангоми убур аз роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, ҳамчунин муваққатан ба ғунучини ҳезуму ҷамъоварии занбӯруғ, моҳидорӣ ва шикор низ нараванд. 

Ғайр аз ин аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад қабл аз оғози боронҳои пуршиддат чӯйбору селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд, то об маҷрои худро ба самти хонаву ҳавлиҳо ва киштзорон дигар накунад. 

Ёдовар мешавем, ки дар ҳоли рух додани ҳолати фавқулода шаҳрвандон метавонанд бетаъхиру фаврӣ бо рақами 112 ва ё ба Қисми навбатдорӣ ба шумораҳои  93 880 28 19, 223 13 11 муроҷиат намоянд.

барчасп: