Ҳашари умумӣ барои пешгирӣ аз офатҳои табиии эҳтимолӣ дар вилояти Хатлон

5 майи соли 2022 дар ноҳияи Кушониён, деҳаи Бибихурами ҷамоати шаҳраки Бохтариён, деҳаи Хушбиёни ҷамоати шаҳраки Бустонқаъла, деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти Заргар,  деҳаи Каминтерни ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ва дар деҳаи Партсеъзди ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол бо ҷалби қувва ва воситаҳои зернизоми ҳудуди Низоми ягонаи давлатии ноҳияи Кушониён ва аҳолии  деҳаҳои  мазкур  ҳашари  дастаъҷамъона  гузаронида  шуд.

Ин тадбирҳо тибқи амрик раиси вилояти Хатлон аз 19-уми апрели соли 2022 Дар бораи ташкил ва гузаронидани машқҳои ғайринақшавӣ бо ҷалби қувва ва воситаҳои Низоми ягонаи давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ» роҳандозӣ шуданд.  

Дар рафти чорабиниҳои мазкур 14 адад нақлиётҳои боркаш, 7 адад экскватор ва зиёда аз 350 нафар кормандон ва аҳолӣ ҷалб карда шудаанд. 

Дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронидани машқҳои  ғайринақшавӣ  ва  ҳашарҳои  дастаҷамъона  идома доранд.

барчасп: