Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон мерасонад, ки тибқи маълумоти обуҳавошиносон рӯзҳои 5-7 майи соли 2022 дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд ба сабаби боронҳои пуршиддат омадани сел дар назар аст. Ҳамзамон болоравии дамои ҳаво метавонад сабабгори лағзиши тарма, резиши санг, ярч ва баланд шудани сатҳи оби рӯдхонаҳо шавад. Хатари раъду барқ низ вуҷуд дорад.
Дар робита ба ин, Кумита бори дигар ба сокинону меҳмонони кишвар муроҷиат намуда, тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба назди обанборҳо, ҳаракат дар хатсайрҳои сайёҳӣ ва сайругаштҳои кӯҳӣ даст кашанд.
Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳои сербориш ҳангоми убур аз роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, ҳамчунин муваққатан ба ғунучини ҳезуму ҷамъоварии занбӯруғ, моҳидорӣ ва шикор низ нараванд.
Ғайр аз ин аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад қабл аз оғози боронҳои пуршиддат чӯйбору селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд, то об маҷрои худро ба самти хонаву ҳавлиҳо ва киштзорон дигар накунад.