Рӯзҳои 3-5 майи соли 2022 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо мақсади иҷрои Нақшаи пурра намудани ҳайати Маркази таълимию методии Раёсати КҲФ дар соли 2022 ва тибқи Барномаи таълимии Кумита барои шахсони масъули Комиссияҳои ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияҳои А.Ҷомӣ, Хуросон, Ёвон, Шаҳритус, Ҷ.Балхӣ, Панҷ ва Ҷайҳун давраҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд.
Дар ин давраҳои омӯзишӣ оид ба танзими ҳуқуқӣ ва ташкили омӯзиш барои аҳолӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ ва муҳофизат аз ҳолатҳои фавқулодда тавзеҳот дода шуд.
Дар дарсҳои кушод оид ба ҷорӣ намудани усулҳои нави кори татбиқи чораҳои пешгирикунанда, инчунин меъёрҳои арзёбии зарар дар мавриди оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда суҳбатҳо сурат гирифтанд.
Шунавандагони курсҳо ба ҳа ма суолҳои худ посухҳои лозимӣ дарёфт намуданд.