Селҳои шабонарӯзи гузашта. Талафоти ҷонӣ нест, аммо одамон чорвои хонагиии худро талаф доданд

Боронҳои пуршиддат дар қаламрави кишвар боиси харобии роҳҳову муваққатан баста шудани онҳо мешаванд. Жола ба киштзорҳо таҳдид мекунад. То ин замон Хадамоти жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо мушаки зиддижоларо ба сӯи абрҳои жоладор партов кардаву хатарҳоро барҳам задааст.

 4-уми майи соли  2022 дар натиҷаи боронҳои басо пуршиддат дар километри 448 роҳи мошингарди Кӯлоб – Дарвоз – Ванҷ дар наздикии Хехики ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ сел омад ва роҳро муваққатан баст. Бо талоши кормандони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон паёмадҳои ин офат бартараф карда шуд ва ҳоло роҳ боз аст.

Тахминан соати 16:30 борон сабаби омадани сел дар як қатор рустоҳои Панҷекат шуд. Аз ҷумла, роҳ миёни деҳаи Мазори Шарифи ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералӣ ва деҳаи Артучро баст. Хадамоти роҳ паёмадҳои ин рӯйдодро ҳам бартараф намуданд.

Соати 17:10 бар асари боронҳои басо пуршиддат дар қаламрави деҳаи Ятин, ҷамоати деҳоти Гули Сурхи ноҳияи Истаравшан обхезӣ ба қайд гирифта шуд. Дар айни замон бо талоши хадамоти дахлдори шаҳри Истаравшан паёмадҳои ин офат бартараф карда мешавад.   

4 – уми майи соли 2022 тахминан соати  16:00 ҳангоми бозгардонидани чорво аз чарогоҳи деҳаи Кайнари ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон сел омад. Дар ин ҳодиса 3 буз ва ду гӯсфанди рама ба ҳалокат расиданд. 

Барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои сел дар қаламрави деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ 250 метр селроҳои Шӯрак, ҳамчунин дар ҳудуди деҳаи Кадучии ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсов 500 метр селроҳа аз ҳар гуна партобу хасу хасрӯбаҳо тоза карда шуданд. Корҳо дар ин самт идома доранд ва он дар назорати шахсии Раиси ноҳия ва Ҷонишини аввали Раиси КҲФ, ки дар айни замон онҷост, қарор дорад.

 Бо мақсади ҳимояи зироати кишварзӣ рӯзҳои 3-4-уми майи соли равон Хадамоти зидди жолаи Тоҷикистон ба абрҳои жоладори осмони қаламрави шаҳри Турсунзода, ноҳияҳои Ёвон, Данғара ва Кушониён 64 мушаки зидди жолаи “Алазан” партоб кард.

Дар натиҷа садҳо гектар заминҳои кишти зироатҳои гуногун аз зарари жола эмин монданд.

барчасп: