Баҳор аст ва фасли боронҳои шадид. Тайи ду рӯзи охир дар аксар минтақаҳои кишвар ҳаво боронӣ буд ва бино ба гузориши Агентии ҳавошиносӣ то 6-уми май ҳавои номусоид боқӣ мемонад. Боронҳои шадид хавфи омадани селҳои вайронкорро зиёд мекунанд. Аз ин рӯ, бояд аз қабл ба ҳар гуна ҳодисаҳои эҳтимолӣ омода шуд.
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва аҳолӣ дар қаламрави кишвар бо мақсади пешгирии оқибатҳои офатҳои табиӣ, ҳифзи соҳилҳо ва тоза кардани каналхо дар қитъаҳои хавфноки обанборҳо, дарьёҳо ва каналҳо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ мегузаронанд.
Чунончӣ, дар як қатор ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ якҷо бо Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ бо ҷалби аҳолии маҳаллӣ корҳои пешгирикунанда гузаронида шуданд.
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд корҳои поксозии таҷҳизотҳои гидротехникӣ ва иншооти обгузар аз ҳар гуна партобҳо анҷом дода шуданд.
Ҳамчунин кормандони Шуъбаи КҲФ дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб як силсила корҳои таблиғотӣ миёни аҳолӣ ба роҳ монданд ва аз онҳо даъват намуданд, ки барои роҳ надодан ба вайрониҳо бар асари омадани сел, сари вақт ҷӯйборҳои назди хонаву заминҳои кишти худро тоза кунанд.