Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти раёсати муовини Раиси вилоят Даврон Зоҳидзода ҷаласаи вилоятии Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба огоҳонидани шаҳрвандон, ки дар маҳалҳои осебпазир зиндагӣ мекунанд, сафарбар намудани қувва ва воситаҳои Комиссия дар ҳолатҳои фавқулода, андешидани чораҳои пешгирикунанда, ташкили захираҳо дар ҳолатҳои фавқулода, инчунин навбатдории шабонарӯзӣ дар ин минтақаҳо баррасӣ шуданд.
Пас аз баррасии масъалаҳо зикр гардид, ки дар заминаи Раёсати КҲФ Ситоди минтақавӣ таъсис дода шуд.
Дар робита ба ин, таъкид шуд, ки аъзои Комиссияро зарур аст дар доираи талаботи Комиссияи вилоятии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба ҳолатҳои фавқулодда фаъолият намуда, ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи паёматҳои офатҳои табиӣ сари вақт чораҳо андешанд.