Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то 6-уми май дар қаламрави кишвар ҳавои номусоид боқӣ мемонад. Бориши боронҳои шадид, раъду барқ, жола ва шамоли сахт дар назар дода шудааст.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон шамол сахту тунд хоҳад вазид.
Маъмулан боронҳои шадид дар роҳҳои кӯҳӣ хатари бештар доранд, чун метавонад аз кӯҳҳо санг резад, роҳҳоро муддате бандад, метавонад тарма лағжад ва боиси баъзе хатарҳо шавад. Боронҳои шадид метавонанд сабабгори рониши замин шаванд, бахусус дар минтақаҳои осебпазир одамонро лозим меояд дар чунин рӯзҳо ҳушёру омодаи муқовимат ба ҳар гуна ҳодисаҳо, бахусус омадани сел бошанд.
Болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо низ эҳтимол дорад.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили дарёҳо ва дигар махзанҳои об худдорӣ намоянд. Сафарҳои безарурат бо роҳҳои кӯҳӣ ва масирҳои сайёҳӣ низ маслиҳат нест.
Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳои сербориш ҳангоми убур аз роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, ҳамчунин муваққатан ба ғунучини ҳезуму ҷамъоварии занбӯруғ, моҳидорӣ ва шикор низ нараванд.
Аз ронандагони мошинҳои дорои сиёҳшиша даъват мекунад, ки ҳаракати шабонаро маҳдуд намоянд. Ба ҳамаи коидаҳои ҳаракати роҳ, махсусан меъёри суръат риоя кунед.
Ғайр аз ин аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад қабл аз оғози боронҳои пуршиддат чӯйбору селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд, то об маҷрои худро ба самти хонаву ҳавлиҳо ва киштзорон дигар накунад.
Дар ҳоли рух додани ҳолати фавқулода шаҳрвандон метавонанд бетаъхиру фаврӣ бо рақами 112 ва ё ба Қисми навбатдорӣ ба шумораҳои 93 880 28 19, 223 13 11 муроҷиат намоянд.