Ду рӯйдоди рӯзи ид дар обҳои кишвар, ки фоҷеа ба дунбол дошт. Се кӯдак дар об ғарқ шуд, якеро наҷот доданд, дуи дигар ба ҳалокат расиданд. Онҳо дар соҳил бе назорати волидон ва шахсони калонсол қарор доштанд.
2 майи соли 2022 соати 10:25 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба қисми навбатдории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар расид, ки писарбачаи 10-солаи сокини шаҳри Бохтар ҳангоме, ки мехост аз дарёи Вахш об нӯшад, мувозинати худро нигоҳ дошта натавониста, ба дарё сарозер шуд. Ҷараёни пуртуғёни об басо башиддат ҷасади ӯро аз назарҳо пинҳон кард.
Дастаи ғаввосони Раёсат ба ҷойи ҳодиса расиданд ва ҳамроҳ бо аҳолии маҳал то фаро расидани торикӣ ба корҳои ҷустуҷӯ идома доданд. Вале ин ҳама талошҳо бенатиҷа буданд. Аз субҳи имрӯз ҷустуҷӯи ҷасади писарак аз сар гирифта шудааст.
Ҳодисиа дуюм дар қаламрави шаҳри Ҳисор рух дод. Боз ҳам 2-уми майи соли равон ду бародар, сокинони ҷамоати Сомони шаҳри Ҳисор, ки яке 7 ва дуюмӣ 6-сола буданд, ҳамроҳ бо модарашон барои таҷлили Иди Фитр ба ҳавлии бобояшон ба деҳаи Деҳқонободи ҷамоати Деҳқонобод рафтанд.
Ҳангоми гаштугузору идгардак ин бародарон хсотанд аз болои як қубуре, ки ду соҳили Канали Калони Ҳисорро ба ҳам васл мекард, убур кунанд. Вале ҳарду ҳам натавонистанд мувозинати худро нигоҳ доранд ва ба оби канал уфтоданд.
Сокини деҳа Сайид Беков инро дида, хеле ба зудӣ худро ба об ҳаво дод, то писаракони ғарқшударо наҷот диҳад. Мутаассифона, вай танҳо яке аз онҳо, писари 7-соларо наҷот дод ва додари шашсолаи вайро маҷро бо худ бурд.
Ба ҷойи ҳодиса дастаи имдодгарони Раёсати Кумита расиданд ва то торикӣ ҷасади писарбачаро ҷустанд. Аммо натиҷа надод.
Сар аз субҳи имрӯз корҳои ҷустуҷӯӣ дубора оғоз шудаанд.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз волидон хоҳиш мекунад фарзандони ноболиғи худро ҳаргиз беназорат нагузоранд. Ҳамеша вақти будан дар назди махзанҳои об қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.
Оббозӣ дар маконҳои мамнуъ барои ҳама хатар доранд ва сокинон бояд инро дониста бошанд!