Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бозрасии давлатии автомобилии ВКД бо мақсади бартараф намудани сабабҳои ба садама алоқаманд ва беҳтар намудани бехатарии ҳаракат дар роҳ, махсусан ҳангоми истифода аз роҳҳои ағба ва кӯҳӣ дар байни ронандагони таксиҳои шахсӣ корҳои таблиғотӣ роҳандозӣ намуданд.
Чунончӣ, рӯзи 28-уми январи соли 2022 бо истифода аз мошини махсуси таблиғотӣ дар истгоҳҳои таксӣ, ки ба шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ, Рашт-Лахш, Кӯлоб ҳаракат мекунанд, ба ронандагону мусофирон дар бораи ҳолати роҳҳои кӯҳӣ дар фасли зимистон, ҳодисаҳои садамаҳои нақлиётӣ наворҳо намоиш дода шуданд. Кормандони БДА оид ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва меъёри суръат тавсияҳо доданд.
Дар ин суҳбатҳо кормандони КҲФ бори дигар хотиррасон карданд, ки ҳангоми гузаштан аз қитъаҳои тармахезу сангрез ҳушёр бошанд, ба онҳо рақамҳои телефони воҳидҳои наҷоту имдодро хотиррасон карданд ва гуфтанд, ки дар ҳоли рух додани ҳар гуна ҳолати фавқулодда метавонанд ба кумак даъват кунанд.
Ҳамчунин ба ронандагон дар мавриди бемориҳои сироятӣ ва бахусус COVID-19, ки ҳоло ба сурати ҳамагир вуҷуд дорад ва ҳар лаҳза метавонад ба одамон сироят кунад, видеороликҳо намоиш доданд. Дар ин наворҳо дар бораи қоидаҳои бехатарӣ ва риояи низоми беҳдошт ба хотири пешгирӣ аз сироят ба беморӣ бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ сухан мерафт.
Кормандони КҲФ ва Раёсати БДА-и ВКД бори дигар таъкид намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳ қонуни ҳаёт аст! Роҳ ҳамеша пур аз хатар аст, набояд худбовару бепарво буд!