Одамоне, ки бар зидди COVID-19 ваксина гирифтаанд, инчунин метавонанд ба коронавирус мубтало шаванд, аммо бемории онҳо нисбат ба онҳое, ки ваксина нагирифтаанд, ба таври дигар мегузарад. Пас аз эмкунӣ, хатари ҷараёни шадиди сирояти коронавирус амалан аз байн меравад, аммо ҳанӯз ҳам дар шакли сабук ё миёна бемор шудан мумкин аст.
Аломатҳо метавонанд мисли одамони эмнашуда монанд бошанд, ба монанди дарди сар, заъф, дарди буғумҳо ва арақи зиёд. Аммо давомнокии беморӣ ба таври назаррас фарқ хоҳад кард, мегӯянд табибон.
Барои одамоне, ки ваксина гирифтаанд, беморӣ муддати аз як то се рӯз мегузарад. Ҳарорати бадани касоне, ки вакисна гирифтаанд, метавонад боло равад, вале ин ҳолат ҳамагӣ як рӯз идома мекунад. Дар ин гуна мавридҳо аслан ягон муолиҷа ҳам таъин намешавад. Яъне, шахси ваксинашуда дар сурати сирояти COVID-19 на бештар аз се рӯз бемор мешавад.
Аммо касоне, ки вакисна нагирифтаанд, ҳаддиақал муддати 10 рӯз худро беҳолу бемадор ҳисс мекунанд, гумон мекунанд вазъи саломатиашон хеле бад шудааст. Аломатҳои асосии беморӣ барои касоне, ки ваксина нагирифтаанд зарф панҷ рӯз пайдо мешавад, вале бо ин беморӣ ба анҷом намерасад. Муолиҷа тӯл мекашад.
Агар муолиҷаи хуб бошад, пас панҷ рӯзи дигар шахс заифӣ ва сустиро ҳис мекунад ва баъд барқароршавӣ оғоз мешавад. Вале агар табобат нодуруст ва нохуб бошад, беморӣ баданро заъиф мекунад, марҳилае нагузашта боз бемор мешавед.
Вазъи касоне, ки худро зидди коронавирус эм накардаанд, ҳамин гуна хоҳад буд. Пас эмкунӣ роҳи ягонаи ҳифзи саломатист!