Боришоти шадид дар манотиқи кӯҳистонии кишвар ва гарм шудани рӯзҳои ахир хатари лағзиши тарма ва резиши сангро бештар кардааст. Вазъ дар шоҳроҳҳои Душанбе-Рашт-Лахш, Душанбе-Варзоб-Хуҷанд, Кӯлоб-Дарвоз-Ванҷ-Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб хатарнок боқӣ мемонад.
Чунончӣ, 25 январи соли 2022, соати 16:30 ба вақти маҳаллӣ, дар деҳаи Савноби ҷамоати деҳоти Савноби ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сангрезӣ ба қайд гирифта шудааст. Бо талоши кормандон ва техникаи махсуси Вазорати нақлиёт корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ идома дорад. Дар ҳоли ҳозир роҳи мошингарди Рӯшон-Бартанг муваққатан баста шудааст.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад, ки ҳангоми сафар дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд. Муваққатан ба минтақаҳои тармахез чорвочаронӣ, шикор, ҷамъоварии ҳезум ва ғунучини гиёҳҳои шифобахш нараванд.
Рафтан ба соҳили дарёҳову кӯлҳо ва обанборҳо низ ба қасди моҳидорӣ чандон бехатар нест.
КҲФ ба шаҳрвандон хотиррасон мекунад, ки аз сафар ба маҳалҳои тармафароӣ худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд ва ронандагон суръати ҳаракатро боло набаранд, фосилаи байни мошинҳоро риоя кунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар сурати рух додани ҳолатҳои фавқулодда ва ҳар гуна садама шаҳрвандон метавонанд ба навбатдори фаврии КҲФ бо рақамҳои 112, 93 880 28 19, 221-91-19, 223-13-11 муроҷиат намоянд.