Чанд тавсияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ки бехатариву амнияти ронандагонро кафолат медиҳанд

Вақте зимистон асту шумо қасди сафари дур бо мошин доред ва медонед, ки роҳатон аз пайроҳаҳои кӯҳӣ мегузарад, пас ҳатман аз қабл барои ин сафар омодагӣ бинед. Сафар ҳамеша як нигарониву ташвише дорад ва агар шумо бе ягон тайёрӣ ба роҳ бароед, ин мушкилот метавонад бештар аз он бошад, ки тахмин мекунед.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маслиҳат медиҳад, ки пеш аз сафар ҷиддан омодагӣ бинед.

ИН ЧАНД ТАВСИЯ, КИ ИҶРОИ ОН ЧАНДОН МУШКИЛ НЕСТ, БАРОИ ШУМОСТ:

- дар аввал вазъи ҳаворо дар масире, ки бояд ҳаракат кунед, дақиқ кунед: барф меборад ё борон, роҳҳо жоларезанд ё туман меояд, ҳаво офтобист ё абрӣ. Ва агар дидед, ки ҳавои номусоиду барфу борони шадид пешбинӣ шудааст, пас ба ҳадди имкон аз сафар худдорӣ кунед. Шумо метавонед рӯзе баъд ё ду рӯз пас ба сафар бароед, ҳарчанд дер мешавад, вале бехатарии шумо таъмин аст;

- ҳолати техникии мошини худро санҷед. Роҳи дур масъулияти бештар дорад ва мошин аз нигоҳи техникӣ бояд бенуқс бошад;

- ба пайвандон ва хешу ақрабо ҳатман бигӯед, ки сафар доред. Ба онҳо хеле дақиқ расонед, ки куҷо мехоҳед равед ва кай ба роҳ мебароеду қарор аст кай ба макон расед;

- хати ҳаракати худро омӯзед. Аз қабл донед, ки нуқтаи таъмин бо сӯзишворӣ (заправка) маҳз дар куҷост, оё дар роҳ нуқтаҳои хӯроки умумӣ, аз ҷумла чойхонаву ошхонаҳо ҳастанд ва агар ҳа, пас маҳз дар куҷо ҷойгиранд? Таваққуфгоҳи дастаҷамъии мошинҳо чӣ?

- вақти ғизохӯрӣ, истироҳат, сӯхтгирӣ барои мошинро дақиқ кунед;

- ҳамроҳи худ ҳатман воситаҳои алоқа бояд дошта бошед. Дар замони мо ин кори чандон мушкиле нест. Ҳар ронандае, ки ба сафари дур меравад, ҳатман як ё ду телефони мобилӣ бо худ дорад. Вале шумо таҷҳизотеро, ки ба телефонҳои шумо қуввати алоқа мебахшанд (зарядник), фаромӯш накунед;           

- роҳ дур аст, имкони шаб дар роҳ мондан вуҷуд дорад, пас фонус бо худ дошта бошед;

- шумо эҳтимолан на ҳамеша метавонед дар ошхонавуу чойхонаҳо ғизо хӯред, ба ҳар ҳол бо худ захираи ғизо, гӯгирд бигиред. Либоси гармро дар фасли зимистон фаромӯш накунед. Ҳамчунин як термоси оби гарм ё чой ё қаҳфа ҳам дошта бошед;

- дорухонаи мошинатонро ҳатман бо доруҳои зарурӣ ва докаву спирту пахта барин воситаҳои дармониву кумаки аввалия пур кунед.

ҲАНГОМИ САФАР:

Инак, тасмим гирифтед, ки ба сафар мебароед ва аз манзил берун шудед. Чӣ бояд кунед? Аввалтар аз ҳама дар ёд дошта бошед, ки бозгашти Шуморо волидон ва фарзандону пайвандонатон бесаброна интизоранд. Ҳамагӣ чанд лаҳза пеш бо онҳо худоҳофизӣ кардед ва ҳама бароятон сафари бехатару бобарор хостанд. ПАС ДАР РОҲ ЭҲТИЁТ КУНЕД!

- ҳатман қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ва низоми суръати ҳаракатро риоя намоед. Чаро бояд шитоб кунед? Дар ҳоле ки оромона рафтан бехатар аст;

- агар обу ҳаво бад шуд ва борону барфи шадид борид, кӯшиш кунед дар наздиктарин нуқтаи аҳолинишин таваққуф намоед. Агар шумо дар назди ягон нуқтаи сӯхтгирӣ, ошхонаву қаҳвахонаҳои сари роҳ, таваққуфгоҳҳои мошинҳо қарор гиред, боз ҳам хубтар аст. Вале фаромӯш накунед: пайвандон ва хешу дӯстонатонро хабардор намоед, ки ҳоло куҷоед ва чаро аз ҳаракат бозмондед;

- ҳангоми исти ғайринақшавиву ғайрибарномавӣ ва ё садамавӣ ба воҳима дода нашавед! Нишони садамавиро дар роҳ гузоред, чароғи садамавии мошинро гирон кунед, ягон матоъи рангаш рушанро ба антенаи мошинатон боло кунед, то аз дур ҳам шуморо бубинанд. Аз ронандагони мошинҳое, ки аз наздатон мегузаранд, ёрӣ пурсед;

- агар дар назди шумо касе нест, пас талош кунед дар куҷо будани худро муайян намоед. Барои ин шояд аз харита ва ё ягон таҷҳизоти электронӣ истифода намоед; 

- вазъи худ ва макони исти худро ба хадамоти фаврӣ расонед. Дар ин гуна ҳолатҳо шумо бемалол метавонед аз тариқи телефони 93 880 28 19 ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда занг занед ва кумак хоҳед. Имдодгарон ҳамеша омодаи ёрианд;

- агар шумо аз нуқтаи аҳолинишин дур бошед, пас маслиҳат он аст, ки то расидани имдодгарон дар дохили мошин бимонед;

- агар шумо дар роҳ шабона мондед, пас ҳатман чароғи мошинатонро даргирон монед;

- барои сарфаҷӯӣ муҳаррики мошинатон ва салони онро дар як соат ҳамагӣ даҳ дақиқа гарм кунед;

- агар ҳаво хеле сард аст, пас дохили мошинро гарм нигоҳ доред, дару тирезаи онро бо кампал, гилемчаҳо ва умуман ҳар матоъи дигар пӯшонед;

- агар ҳамсафаре доред, бо навбат бихобед, вале агар танҳоед, пас аслан нахобед;

- гармӣ, об ва ғизоро сарфакорона истифода намоед.

Агар шумо ин қоидаҳоеро, ки хеле одианду иҷрояшон мушкиле надорад, иҷро намоед, пас бехатрии худ ва ҳамроҳонатонро таъмин хоҳед кард!

БА ШУМО САФАРИ ХУШУ БОБАРОР ТАМАННО ДОРЕМ!