Гармои тоқатшикан дар олам

Тибқи иттилои Бюрои СММ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ (UNISDR) ва созмони белжии Маркази таҳқиқоти эпидемиологии ҳаводис (CRED) аз соли 1996 то соли 2015 бар асари ҳаводиси табиат дар сар то сари олам наздик ба 1,35 миллион нафар ба ҳалокат расиданд.
Дирӯз, 11-уми май Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинон ва меҳмонони кишварро аз гармои тоқатшикани рӯзҳои 12-15-уми май ҳушдор дод. Дар хабар гуфта мешуд, ки ҳарорати ҳаво дар ин рӯзҳои баҳорӣ то 40 дараҷа гарм мешавад ва ин метавонад дар сурати риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ муҷиби баъзе мусибатҳо гардад. Аз ҷумла бар асари об шудани пиряхҳо, барфи куҳҳо болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо, омадани сел ва сангрезиш  аз эҳтимол дур нест.

Иқлими олам зарфи даҳсолаи сипаришуда рӯ ба тағйир овард ва ҳадде, ки СММ ногузир шуд барномаи ҷаҳонии муқовимат бо тағйири иқлимро ҳам таҳия ва мавриди иҷро қарор диҳад.

Ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавон даҳҳо навор аз гармои шадид дар сар то сари оламро тамошо кард. Ҳатто соли гузашта чанд наворе дар YouTube пайдо шуд, ки одамон дар асвалти гарм тухми мурғ мепӯхтанд. 

Гармои Ҷопону Аврупо: омори такондиҳандаи ҳалокати одамон

Соли 2013 дар Ҷопон ҳарорати ҳаво ногаҳонӣ боло рафт ва ин дар таърихи кишвар бесобиқа унвон шуд. Бар асари гармои болотар аз 41 дараҷа дар ин мамлакат 103 нафар ба ҳалокат расиданд ва наздик ба 40 ҳазор тан зарар диданд. 

Бино ба хабари нашрияи пурнуфузи "The Independent" дар Британияи Кабир гармо 760 нафарро кушт.

Теъдоди ҳалокшудагон ва зарардидагон дар гармои соли 2003 рекордӣ будааст. Дар Фаронса дар натиҷаи гармои тоқатшикан 15 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд. Дар Британияи Кабир бошад, ҳудудан 2 ҳазор нафар қурбон шуданд. 

Олимон ҳадс мезананд, ки даҳ соли оянда ҳарорати ҳаво боз ҳам тағйир меёбад ва оламро хатари гармои шадид таҳдид мекунад. Ҳатто пешгӯӣ мешавад, ки гармо дар Сибири сарди рус муҷиби пайдо шудани саҳроҳои беоб мешавад.

Аммо гурҳе дигар аз олимон бар ин назаранд, ки ба дунболи гармои шадид сардиҳои сахт меоянд. Он замон дар Сибир на биёбони пуррег, балки биёбони яхӣ ба мушоҳида хоҳад расид.  

Соли 2016 айнан дар ҳамин шабу рӯз дар Ҳинд бар асари боло рафтани ҳарорати ҳаво беш аз 500 нафар ҳалок шуданд. Аз нарасидани оби нӯшокӣ сокинони 256 округи ин кишвар ба мушкил рӯ ба рӯ гаштанд.

Дар 20 сол офоти табиӣ ҷони 1,35 миллион нафарро қабз кардааст

Тибқи иттилои Бюрои СММ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ (UNISDR) ва созмони белжии Маркази таҳқиқоти эпидемиологии ҳаводис (CRED) аз соли 1996 то соли 2015 бар асари ҳаводиси табиат дар сар то сари олам наздик ба 1,35 миллион нафар ба ҳалокат расиданд.  Аммо пурхатартарин ва марговартарин офати табиӣ ин заминларзаи соли 2010 дар Ҳоитӣ буд, ки дар он 230 ҳазор нафар қурбон шуда буданд. 

Баъди тӯфонҳои марговару обхезиҳои фалокатбор омори гармои тоқатшикани олам меояд.  Соли 2010 танҳо дар Русия аз гармии беш аз ҳадди интизор тибқи омори расмӣ 58,5 ҳазор нафар ҳалок шуданд.  Танҳо дар шаҳри Маскав, ки ҳарорат ба 40 дараҷа расида буд, 11 ҳазор нафар ҳалок шуданд.

Дар омори созмонҳои ёдшудаи байналмилалӣ гуфта мешавад, ки зарфи 20 соли охир дар олам 7056 офати табиӣ ба қайд гирифта шудааст.

барчасп: