Бо мақсади татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ миёни КҲФ ва Созмони Каритаси Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин расонидани ёрии фаврӣ ба аҳолӣ дар ҳоли ба вуҷуд омадани ин ё он ҳолати фавқулодда дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими таҳвили ёрии башардӯстона дар шакли маводи ғизоӣ ва ғайриғизоӣ баргузор шуд.
Маводи ғизоӣ бо маблағгузории Агентии Швейтсарии рушд ва ҳамкорӣ ва Барномаи Умумиҷаҳонии Озуқаи СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ шуданд.
Дар рӯйхати ёрии башардӯстона, ки барои омодагӣ ва вокуниш ба офатҳои табиӣ захира мешаванд, кӯрпаҳо (матрас) - 600 адад, болишт - 600 адад, кати хоб - 1200 адад, дастмол - 1200 адад, хамираи дандоншӯӣ ва чуткаи он, собунҳои дастшӯӣ — 600 дона ва зарфҳои нигоҳдории обу дигар маводи ғизоӣ 2 дона мавҷуд буданд.
Ҳамчунин 1600 кило нахуд, 5237 кило картошка, 98 кило лубиё ва 1477 кило картошкаи тухмӣ аз ҷумлаи ин кумакҳост.
Санади қабули маводи таҳвилшударо Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофаиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рустам Назарзода ва Директори кишварии Каритаси Швейтсария ҷаноби Шинан Кассам имзо карданд.
Раиси Кумита ба роҳбарияти Каритас дар Тоҷикистон барои расонидани кумак изҳори сипос намуд ва таъкид кард, ки ёрии расида ба аҳолии ниёзманд дар ҳолатҳои фавқулода тақсим карда хоҳад шуд.
Дар навбати худ ҷаноби Шинан Кассам изҳор дошт, ки Каритаси Швейтсария оянда низ дар ҳоли ба миён омадани ҳолатҳои фавқулода ба Тоҷикистон кумак хоҳад кард.
Гуфтанист, ки ин ҳама маводҳои ғизоӣ ва ғайризоии расида аз намояндагии созмони Каритаси Шветсария дар анборҳои КҲФ нигаҳдорӣ мешаванд ва дар сурати рух додани ин ё он ҳодисаи табиӣ, ки ба аҳолӣ осеб мерасонад, миёни зарардидагон чун ёриҳои аввалин тақсим карда хоҳад шуд.