Бисту ҳафт сол муқаддам Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд, ки ҳадафи асосии он ба низом даровардани авзои мураккаби сиёсӣ, беҳтар намудани вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва барқарор кардани сохти конститутсионӣ буд. Ин иҷлосия дар сарнавишти миллати мо нақши муҳим ва муассир бозидааст, ки аҳаммияти он дар таҳкими сулҳу суботи кишвар дар айёми соҳибистиқлолӣ беназир дониста мешавад.
Аз ин хотир, метавон ин иҷлосияро ҳамчун зерпояи асосии бинои сулҳ дар Тоҷикистон ном ниҳод.
Дар иҷлосия роҳбарияти нави сиёсии кишвар таҳти сарварии Пешвои муаззами кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид, ки минбаъд барномаи мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро таҳия намуданд ва ба миён гузоштанд. Ин иқдоми бузург заминаи эҳёи миллиро фароҳам овард, хатари парокандагии давлати тоҷикону миллати тоҷикро аз байн бурд.
Дар Қасри «Арбоб», қасре, ки бунёдгузораш шахси некхоҳу некбин, пири деҳқонони тоҷик Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев буд, ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон дар тақдири халқамон фоли нек гардид.
Аз соли 2016 инҷониб тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 16-уми ноябр ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашн гирифта мешавад. Сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни муборак дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу ватан савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мардум қабул гашта, шакли идораи кишварро ба шакли ҷумҳурии президентӣ табдил дод.
Ин аст, ки “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва ҷашни ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз аст.
Интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ниҳоди давлатӣ рӯҳ ва маънои бузург бахшида, мақоми президентиро ба як ниҳоди наҷотдиҳандаи давлат, институти илмӣ ва сарҷамъии миллат табдил дод.
Маҳз ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, ки тамоми таҷрибаи таърихию байналмилалӣ ва зарфияти ҳуқуқию сиёсии ниҳоди президентиро истифода намуда, ин тарзи давлатдориро ба модели наҷоти миллии мо табдил диҳад.
Дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ, ки Ватани мо пеш аз ҳама, ба сулҳу субот ва ваҳдату сарҷамъӣ ниёз дошт, низоми идоракунии президентӣ маҳз бо мақсади пурзӯр намудани ҳокимияти иҷроия, баланд бардоштани самаранокии он, қабули фаврии қарорҳои идорӣ, такмили механизми иҷрои қонунҳо, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ҷорӣ карда шуд.
Матни комилро ин ҷо мутолиа кунед:
ПАЙВАСТА БА ТАҚДИРИ ХАЛҚУ ВАТАНИ ХЕШ УМРАШ