COVID-19: Интиқоди Ҷо Байден аз ҳукумати Чин: “Иттилои муҳим” дар бораи маншаии коронавирусро пинҳон мекунад

Президенти ИМА Ҷо Байден аз ҳукумати Чин дар мавриди пинҳон кардани “иттилои муҳим” дар бораи маншаии коронавирус интиқод кардааст. Ҷо Байден баъди шунидани маърӯзаи Идораи иттилооти миллии Амрико, ки ба сунъӣ будани насаби  SARS-CoV-2 шубҳа мекард, суханронӣ намудааст. Ин гузориш бо дастури Президенти ИМА Ҷо Байден таҳия шуда ва тайид мекунад, ки нахусти сирояти инсони ба COVID-19 дертар аз моҳи ноябри соли 2019 набудааст.

Аксари таҳлилгарони иттилоотии Амрико ба ин назаранд, ки ҳамагирии COVID-19 ҳосили интиқоли табии вирус аз ҳайвон ба инсон буда, дар ҳоле, ки шумори камтаре аз ин таҳлилгарон хуруҷи вирусро дар натиҷаи як ҳодиса аз озмоишгоҳ медонанд.

Дар Озарбойҷон зарфи як шабонарӯзи гузашта дар натиҷаи роҳандозии 17 247 тест 3714 сироятшудаи нав ба коронавирусро сабт кардаанд.  

Дар Арманистон миёни касоне, ки худро зидди КОВИД-19 эм кардаанд, даҳҳо сироятшудаи нав ба қайд гирифта шудааст.

Шабонарӯзи гузашта дар Русия 19 509 ҳодисаи сироят ба коронавирус сабт шудааст.

Шумори гирифторон ба COVID-19 дар Қазоқистон аз аввали ҳамагирӣ ба  767 701, дар Қирғизистон ба 175 009 (сатҳи маргумир 1,43%), дар Ӯзбекистон ба 153 204 (сатҳи марг бар асари ин беморӣ 0.69%) расидааст.

Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми рӯзи гузашта эълон кард, ки дар кишвар боз 43 ҳолати нави сироят ба коронавирус сабт шудааст ва 51 нафар баъди муолиҷа аз беморхонаҳо ҷавоб дода шудаанд.

Аз аввали ҳамагирӣ дар кишвар 16 696 нафар ба COVID-19 сироят шудаву 16 531 (99,0%) шифо ёфтаанд. Аз оғоз ба имрӯз 124 нафар аз ин беморӣ ҷон бохтаанд.

Варзорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват кардааст, ки қоидаҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла, пӯшидани ниқоби тиббӣ, зуд-зуд шӯстани дастон ва фосилаи байниҳамдигариро қатъиян риоя намоянд.

барчасп: