Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ ба қайд гирифта нашуданд. Вале кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шабонарӯз омодаи ҳар гуна кумаку ёрӣ ба шаҳрвандонанд, вазифаву уҳдадориҳои худро дар мавриди наҷот ва расонидани кумак ба сокинон иҷро карданд.
Чунончӣ, дастаи махсуси вокуниши сареъи Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе зарфи 24 соати гузашта се маротиба бо даъвати сокинон барои боз кардани дарҳои баста аз қароргоҳи худ берун шуданд.
Наҷотдиҳандагон баъди дарёфти хабарҳо ва даъват ба ёрӣ бо истифода аз таҷҳизоти махсус ва василаҳои кӯҳгардӣ дарҳои бастаи сокинонро боз карданд. Дар ду ҳолат дар паси дарҳои баста кӯдакони хурдсол монда буданд.
ОЁ МЕТАВОН КӮДАКОНРО ДАР ХОНА ТАНҲО ГУЗОШТ?
Бачаҳо ба ёрии тибиву равонӣ ниёз надоштанд. Наҷотдиҳандагон бо волидони онҳо дар мавзӯъи кӯдаки танҳо дар хона ва эҳтиёт ҳангоми берун шудан аз хона суҳбатҳои гузарониданд.