Дуввумин заминларзаи рӯзи 18-уми август

Соати 16:34 дақиқаи рӯзи 18-уми августи соли равон дар қаламрави Тоҷикистон боз заминларза ба қайд гирифта шуд. Ин дуюмин такони замин дар кишвар буд. Маркази заминларза 292 километр ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе, 38 киллометр ҷанубу шарқ дар шаҳри Хоруғ  буда, қувваи заминларза дар маркази он 4 балл,  дар шаҳри Хоруғ 3 баллро ташкил дод.

Аз талафоти ҷониву хисорат хабар нарасидааст.

Ҳамчунин имрӯз, 18-уми август  тахминан соати 13:52 дақиқа, ба вақти маҳаллӣ дар  қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта  шуда буд, ки маркази он 156 километр шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе, 18 киллометр ҷанубу шарқ аз ноҳияи Тоҷикобод буда, қувваи заминларза дар марказаш 3-4 балл,  дар ноҳияи  Тоҷикобод  2-3  баллро ташкил дод

барчасп: