Имрӯз, 18-уми август тахминан соати 13:52 дақиқа, ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази заминларза 156 километр шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе, 18 киллометр ҷанубу шарқ аз ноҳияи Тоҷикобод буда, қувваи заминларза дар марказаш 3-4 балл, дар ноҳияи Тоҷикобод 2-3 баллро ташкил дод.
Аз талафоти ҷонӣ ва хисорот гузориш нарасидааст.