Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2002, №323 бо мақсади ташаккули сиёсати ягонаи давлатӣ дар ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда, инчунин тайёрии тамоми зинаҳои мақомоти идораи ҷумҳуриявӣ барои амалиёти фаврӣ ва самаранок дар ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда таъсис дода шуда, ҷиҳати ҳамоҳангсозии мақомоти идоракунии Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда сохтори Комиссияи мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри 2015, № 799 такмил дода шуд.
Тибқи салоҳият комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодда вазифаҳои зеринро иҷро менамоянд:
- ташаккул ва гузаронидани сиёсати ягонаи давлатии ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд дар ҳолатҳои фавқулодда;
- гузаронидани сиёсати ягонаи техникӣ дар баланд бардоштани устувории фаъолияти иншооти иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҳолатҳои фавқулодда;
- муайян намудани самтҳои асосии такмил ва рушди минбаъдаи Низоми ягона;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодаи зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягона дар таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда, ҳамчунин баррасӣ ва бо тартиби муқарраршуда пешниҳод намудани лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идорӣ ва қувваҳои Низоми ягона ҳангоми гузаронидани корҳои васеъи садамавию наҷот ва дигар фаъолиятҳои таъхирнопазири барқарорсозӣ ва таъмини фаъолияти иншооти иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳолатҳои фавқулода зарар дидаанд, роҳандозии корҳои наҷот ва таъмини ҳифзи саломатии одамон, коҳиш додани зарари моддӣ, ҳаҷми зиён ба муҳити атроф ва маҳдуд сохтани минтақаҳои ҳолатҳои фавқулодда равона гардидаанд;
- омода намудани пешниҳодҳо ба ташаккули низоми чораҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ташкилӣ, илмию техникӣ, ҳуқуқӣ ва дигар чораҳо, ки ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда равона гардидаанд;
- омода намудани пешниҳодҳо ба расонидани дастгирии моддию молиявӣ ба зарардидагони ҳолатҳои фавқулодда;
- омода сохтани пешниҳодҳо ба тақсимоти захираҳои молиявӣ ва моддию техникие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рафъи ҳолатҳои фавқулода, анҷом додани тадбирҳои таъҷилию таъхирнопазири пешгирӣ ва бартараф намудани оқибати ҳолатҳои фавқулоддаи ногаҳон бамиёномада, ҷудо менамояд;
- амалӣ намудани фаъолияти иттилоотию таҳлилӣ дар мавриди масъалаҳое, ки ба ваколати Комиссия марбутанд.