27 соли таъсиси идораи наҷоти кишвар

17-уми августи ҳар сол наҷотдиҳандагон иди касбии худро таҷлил мекунанд. 27 сол пеш дар ҳамин рӯз бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании назди Шўрои Вазирони ҶумҳурииТоҷикистон таъсис шуд. Аммо мақомоти мудофиаи гражданӣ таърихе дорад, ки хонданист.

Мақомоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ чун ҳама ниҳодҳои фаъол саҳфаҳои таърихии худро дорад. Мудофиаи гражданӣ аввалин саҳифаҳои худро дар давраи ҷанги якуми ҷаҳон соли 1918 дар таърих сабт намуд.  Дар баробари пайдо шудани ҳавопаймоҳои ҳарбии душман, ки ба ақибгоҳи қувваҳо аз ҳаво ҳамла карда, анборҳо, захираҳои эҳтиётиро бо зарбаҳои худ несту нобуд мекард, зарурияти андешидани чораҳои муҳофизати аҳолӣ ба миён омад.

Соли 1928 Кумитаи давлатии корҳои ҳарбӣ ва баҳрӣ, аввалин Низомномаи мудофиаи зидди ҳавоии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ (ИҶШС)-ро тамдиқ кард.

Дар Низомномаи мудофиаи зидди ҳавоӣ татбиқи вазифаҳои мудофиаи ҳуҷуми ҳавоӣ бо истифода аз қувва ва воситаҳои сохторҳои ҳарбӣ, шаҳрвандӣ ва идораю ташкилотҳои мудофиавии ҷамъиятӣ муайян гардидааст.

Соли 1932 ҷиҳати таъсиси низоми ягонаи умумидавлатии мудофиаи зидди ҳавоии маҳаллии кишвар воситаҳои зарурии моддӣ, ташкил карда шуд.

4 октябри соли 1932  Шўрои вакилони Комиссарон–Ҳукумати кишвар, "Низомномаи мудофиаи зидди ҳавоии ИҶШС"-ро кабул кард.

Дар асоси ин санад аввалин маротиба чораҳо ва воситаҳои ҳимояи аҳолӣ ва ҳудуди кишвар дар минтақаи эҳтимолии хатари ҳавоии авиатсияи душман муайян карда шуд. Санади мазкур оғози таъсиси мудофиаи зидди қувваҳои ҳавоии маҳаллӣ (МЗҚҲМ)-ро муайян намуд.

Ин санаи таърихӣ, рӯзи таъсиси мудофиаи гражданӣ ба ҳисоб меравад, зеро маҳз он вазифаҳои, ки мудофиаи зидди ҳавоии маҳалии кишвар иҷро мекард, такмил ва инкишофи минбаъдаи онро мудофиаи граждании ИҶШС давом дод.

Амалиётҳои фаъолонаи МЗҚҲМ дар давраи ҷанги дуюми ҷаҳон нишон дод ва исбот намуд, ки ин соҳа хеле зарур буда, дар он давра метавонистанд 30 ҳазор ҳуҷумҳои ҳавоии душманро бартараф намоянд. Дар баробари ин, 32 ҳазор садамаҳои калон, 430 ҳазор гулулаҳои ҳавоӣ, қариб 2,5 миллион гулулаҳои рўизаминӣ ва зеризаминиро кашф ва хунсо гардонида, зиёда аз 90 ҳазор сўхторҳоро хомӯш кард.

Солҳои баъди ҷангӣ, ин соҳа инкишоф ёфта, баъд аз пайдо шудани яроқи атомӣ, ядроӣ, нейтронӣ, ҳавопаймоҳои дурпарвоз чораҳои мудофиаи гражданӣ новобаста ба ҷойгиршавӣ дар тамоми маконҳо амалӣ карда мешуданд.

15 июли соли 1961 бо қарори Шӯрои Вазирони ИҶШС мудофиаи зидди ҳавоии маҳалӣ ба мудофиаи гражданӣ табдил дода шуда, ба сохтор вазифаи сардори МГ ворид карда гардид ва сохтори нави умумидавлатӣ таъсис дода шуд. Роҳбарии бевоситаи МГ дар ҷумурҳуриҳои Шӯравӣ, шаҳраку деҳот, ноҳияҳо ба зиммаи раисони Шӯрои вакилони халқ вогузор карда шуда, онҳо сардорони МГ ба ҳисоб мерафтанд.

Солҳои 1970-ум намуди нави нерўҳои мудофиаи граждании омодагии баланд таъсис дода шуд, аз ҷумла, отрядҳо, дастаҳои механикунонидашуда, инчунин Қўшунҳои мудофиаи гражданӣ.

Соли 1971 роҳбарии мудофиаи гражданӣ ба зиммаи муовини Вазири мудофиа вогузор гардида, худи сохтор ба итоати Вазорати мудофиа гузаронида шуд.

Дар замони Шўравӣ устувор нигоҳ доштани ҳолати маънавӣ – рўҳии қувваҳои мудофиаи гражданӣ аз тарафи Кумитаи Марказии ҳизби коммунист роҳбарӣ карда мешуд.

Бо фармони Раиси Кумитаи мудофиа аз 7 октябри соли 1992, № 52 дар асоси қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми сентябри соли 1991, №УП-188 «Дар бораи таъсис додани Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар заминаи Кумитаи мудофиа, комиссариати ҳарбӣ ва Ситоди мудофиаи граждании Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Таърихи мудофиаи гражданӣ дар Тоҷикистон аз соли 1992 якҷоя бо ташкилёбии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои қудратӣ оғоз гардид. Аз ин давра ба зиммаи мудофиаи гражданӣ вазифаҳои ҳифзи аҳолӣ ва иншоотҳои хоҷагии халқ аз оқибати садама, фалокат, офати табиӣ, гузаронидани корҳои начотдиҳӣ ва барқарорсозӣ вогузор карда шуд. Дар ин ҷода, масъалаи таъсиси низоми нави ягонаи давлатӣ, ки баҳри тайёрии пешакӣ ҷиҳати фаъолият намудан дар шароитҳои душвор ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар натиҷаи садамаҳои калон, фалокатҳо ва офатҳои табиӣ ба амал меоянд, ба миён омад.

 Дар асоси қарори Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 августи соли 1994, №400 дар заминаи Ситоди мудофиаи гражданӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, мудофиаи гражданӣ ба сохтори Кумита шомил гардида, он яке аз самтҳои асосии ин сохтор ба ҳисоб мерафт.

Аз ҳамон давра фаъолияти роҳбарият ва ҳайати шахсии Кумита ба рушди соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда равона гардида, дар муддати кўтоҳ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои ба фаъолияти Кумита дахлдошта, дида баромада шуданд.        

Дар сохтори Кумита аввалин қисми ҳарбӣ 45989 фаъолият дошта, дар заминаи кисми ҳарбии 52476-и Ситоди мудофиаи граждании (Полки мудофиаи гражданӣ) назди Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии  Тоҷикистон ташкилёфта буд.

Тайи солҳои фаъолият ин қисми низомӣ дар чорабиниҳои бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда саҳми босазо гузоштааст. 

Бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти Кумита то имрўз аз давраи ташкилёбиаш, чандин маротиба такмили сохтор гузаронида шуд.

Мақсад аз такмили сохтор ин зиёд намудани воҳидҳои штатии ситодҳои ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳру ноҳияҳо ва таъсис додани дастаҳои иловагии наҷот аз ҳисоби кам кардани воҳидҳои штатии дастгоҳи марказӣ ва ситодҳои минтақавӣ буд.

Ситодҳои вилоятӣ, минтақавӣ ва шаҳру ноҳиявӣ, аз ҷумлаи он сохторҳое мебошанд, ки аз давраҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ арзи вуҷуд дошта, баъд аз байн рафтани системаи мутамаркази мудофиаи граждании собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва таъсис ёфтани Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани иқтидори онҳо диққати махсус дода шуда, ҳоло онҳо ба яке аз сохторҳои асосии Кумита дар ҷойҳо табдил ёфтаанд.

Дар доираи такмили сохтор, ситодҳои шаҳру ноҳияҳо дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2015,№ 590 «Дар бораи  тартиби намунавии ташаккули воҳидҳои сохтории Дастгоҳ ва воҳидҳои тобеи Ин имконият дод, ки воҳидҳои штатии шуъбаю зершуъбаҳои шаҳру ноҳияҳо зиёд гардида, ҳаҷм ва сифати иҷрои вазифаҳои соҳавӣ дар самти корҳои фаврӣ, омодасозии аҳолӣ, баҳисобгирӣ ва ҷамъоварии маълумотҳои зарурӣ оид ба ҳолати мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда мусоидат намояд.

Яке аз самтҳои дигари фаъолияти Кумита ин фаъолияти босамари қўшунҳои мудофиаи гражданӣ ба ҳисоб меравад. Ҳайати шахсии қўшунҳои мудофиаи гражданӣ дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, вазифа ва ўҳдадориҳои ба зиммаашон гузошташударо иҷро намуда истодаанд.

Ба низом даровардани омодагии қисмҳои ҳарбӣ, тайёрӣ ва малакаи касбӣ дар замони осоишта вобастагии калон дошта, то имрўз аз тарафи масъулини Кумита ва қисмҳои ҳарбӣ талаботҳои бандҳои Нишондодҳои ташкилию методии ҷузъу томҳои қўшунҳои мудофиаи гражданиро ба таври зарурӣ ба роҳ монда, иҷрои онро таъмин намуда истодаанд.

Бо назардошти афзоиши ҳолатҳои фавқулодда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул намуда, барои идораи хавфи офатҳои табиӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда сохтори муносиб оид ба ҳалли он масъалаҳо таъсис дод.

Бо мақсади ташаккул ва гузаронидани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, инчунин баланд бардоштани устувории фаъолияти иншооти иқтисодиёти мамлакат ва тайёрии тамоми зинаҳои мақомоти идораи ҷумҳуриявӣ барои амалиёти фаврӣ ва самаранок дар ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда таъсис дода шудааст, ки мақоми доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ҳамоҳангсози Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда мебошад.

Суханҳои зиёдеро метавон дар бораи фаъолияти воҳидҳои ҷудогонаи Кумита навишту гуфт. Аммо сарсухани ин силсилагуфторҳоро дар ҳамин ҷо ба поён мебарем ва ҳамзамон кулли кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарбозону афсарони ниҳоди наҷоти кишварро ба рӯзи таъсиси мақомоти ҳолатҳои фавқулода муборакбод мекунем. 

барчасп: