Заминларза дар Тоҷикистон. Аз талафоти ҷониву хисорат гузориш нарасидааст

Шаби гузашта, 2-уми августи соли равон тахминан соати 22:13 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон замин ларзид.

Маркази заминларза 167 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 23 километр ҷанубу шарқи ноҳияи Тоҷикобод буда,  қувваи он дар марказаш 3-4  балл,  дар ноҳияи Рашт  2-3  баллро ташкил дод.

Айни ҳол дар ноҳияи Тоҷикобод ҳайати Комиссияи  ҳолатҳои фавқулодда кору фаъолият дорад, хоҷагиҳоеро, ки дар натиҷаи заминларзаи  рӯзи 10-уми июл осеб дида буданд, бори дигар аз санҷиш мегузаронанд.

Маълумоти иловагӣ нашр мешавад.

барчасп: