Дирӯз, баъди ҷустуҷӯҳои серӯза билохира ҷасади ҷавони 19-сола Ҳабиб Ёқубов, ки дар сели Киштӯдак ҳалок шуда буд, пайдо карда шуд. Ҷанозаи Ҳабиби ғӯрамаргро бегоҳии ҳамон рӯз хонданд ва ба хок супурданд. Аммо то ба имрӯз ҷустуҷӯи ҷасади Нозима Исмоилова натиҷа надодааст.
Маврид ба ёдоварист, ки бар асари сели азими рӯзи 19-уми июли соли равон 10 нафар сокинони деҳаи Киштӯдаки Панҷекат, ки дар чарогоҳи тобистонӣ молчаронӣ мекарданд, ба ҳалокат расиданд.
Инҳо, ки бештар узви як хонвода буданд, вақте борони шадид борид, дохили хаймаҳои хеш паноҳ бурданд, вале сели шадид онҳоро ҳамроҳ бо хаймаҳояшон бурд.
БОЗ ДАР ИН БОРА:
-
12 куштаи сели харобкор дар Панҷекат. Ҷустуҷӯи ду нафар идома дорад
-
СЕЛИ ХАРОБКОР ДАР НОҲИЯҲОИ ПАНҶЕКАТ, АЙНӢ, МАСЧО ВА ДЕВАШТИЧ. ҲАЛОКАТИ ОДАМОН ВА ЧОРВОИ КАЛОНУ ХУРД. ШАРҲИ РАСМӢ
-
ҲАЛОКАТИ ЯК ШАҲРВАНДИ ЧИН, КИ ДАР КАНАЛИ ЁВОН МОҲИДОРӢ МЕКАРД
-
СЕ ҒАРҚШУДАИ РӮИ 20-УМИ ИЮЛ