Се ғарқшудаи рӯи 20-уми июл

Тибқи маълумоти бахши Кумитаи ҳолатҳои фаавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат рӯзи 0.07.2021, соати 11:50 дақиқа як кӯдаки 4-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, ҷамоати деҳоти Б. Бурунов, деҳаи Шодмон ҳангоми дастурӯшӯӣ дар рӯдхонаи Андигон сарозер шудааст. Ҳамроҳи ин тифл касе аз калонсолон набудааст.

Ҷасади ӯро соати 16:00 кормандони бахши наҷоти КҲФ пайдо ва ба волидонаш супурданд. 

Ду сокини деҳаи Алиҷони ҷамоати деҳои Пушинги ноҳияи Данғара, ки яке  29 ва дуюмӣ 45 сол доштаанд, аз беэҳтиётӣ ҳангоми оббозӣ дар канали деҳаи Алиҷон ғарқ шудаанд. Ин ҳодиса соати 13:00 рух додааст. Бо роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷот ҷасади шаҳрвандони ёдшуда аз ҷониби аҳолӣ пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурда шудааст.

барчасп: