12 куштаи сели харобкор дар Панҷекат. Ҷустуҷӯи ду нафар идома дорад

Бино ба маълумоти бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷекат ҳалокшудагон дар сели рӯзи 19-уми июли соли равон дар рустои Киштӯдак аз 32 то се сол доштанд. 7 нафари онҳо аъзои як хонаводаанд.

Исми 8 нафаре, ки дар чарогоҳи  тобистона ба нигоҳубини чорво машғул буданд, ба ин тартиб аст:

Фавтидагон:

  1. Исмоилова Парвина, соли таваллудаш 1989;
  2. Ёқубов Ҳабиб, соли таваллудаш 2002;
  3. Исмоилова Сабрина, соли таваллудаш 2005;
  4. Исмоилова Сафина, соли таваллудаш  2010;
  5. Исмоилов Эзоҳ, соли таваллудаш 2011;
  6. Исмоилов Озод, соли таваллудаш 2015;
  7. Исмоилова Нигина, соли таваллудаш 2017;
  8. Исмоилов Ҳасан, соли таваллудаш 2018;

Инҳо, ки бештар узви як хонвода буданд, вақте борони шадид борид, дохили хаймаҳои хеш паноҳ бурданд, вале сели шадид онҳоро ҳамроҳ бо хаймаҳояшон бурд.

Дар айни замон ҷустуҷӯи ду нафари дигар идома дорад.

БОЗ ДАР ИН МАВЗӮЪ:

барчасп: