Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба коронавирус дар оламро субҳи имрӯз 177 миллиону 842 ҳазору 616 нафар эълон кард. Шабонарӯзи гузашта боз 239 ҳазору 401 нафар ба ин беморӣ сироят шуда, аз он 8 639 нафар фавтиданд. Теъдоди ҷонбохтагон аз КОВИД-19 дар саросари олам аз аввали ҳамагирӣ ба 3 миллиону 849 ҳазору 768 нафар расид. То ба имрӯз аз ин беморӣ 162 миллиону 350 ҳзору 700 нафар муолиҷа шуданд. Имрӯз дар бемористонҳои ҷаҳон 83 ҳазору 357 гирифтори коронавирус ҳоли вазнин доранд.
Ин созмон аз афзоиши беморӣ дар Африқо хабар дод. Аз шаш дар панҷ минтақаи олам, аз ҷумла дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (27%) ва Аврупо (13%) коҳиши сирояти шабонарӯзӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҳама бештар дар Африқо (20%), Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (12%) марг бар асари COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Аммо дар Аврупо (17%) ва Амрикои Шимоливу Ҷанубӣ (7%) коҳиши марг аз КОВИД-19 сабт шудааст.
Комиссияи Аврупо аз изҳори назар дар мавриди гузориши расонаҳо дар бораи ба таъхир андохтани таййиди воксини русии "Спутник V" аз ҷониби Агентии аврупоии доруворӣ худдорӣ мекунад.
Аз 21-уми июни соли равон дар саросари Фаронса низоми қуюди шабгардӣ лағв мешавад. Дар ҳавои кушод бо худ доштани ниқоб низ дигар ҳатмӣ нест. Аммо дар ҷойҳое, ки ҳукумат бо қарори худ таъин мекунад, бе ниқоб ворид шудан манъ аст. Аз ҷумла ҳангоми навбат, тамошои бозиҳои варзишӣ дар варзишгоҳҳо, бозорҳои боз, ҷойҳое, ки маъмулан одамон зиёданд, нақлиёти ҷамъиятӣ, биноҳои пӯшида, дар мактабҳо ҳангоми танаффус ҳатман бояд бо ниқоб буд.
Ҳукумати Испания тасмим гирифт вақтҳои наздик ҳатмӣ будани ниқоб дар кӯчаҳо ҳангоми гаштугузорро лағв кунад. Аммо санаи дақиқи эълон шудани ин тасмим мушаххас нест
ПАЖӮҲИШ: ВОКСИНҲО ИНСОНРО АЗ СИРОЯТИ ҲАМАИ ГУНАҲОИ КОРОНАВИРУС МУҲОФИЗАТ МЕКУНАНД
Дар Ҳиндустон пурбинандатарин кохи ин кишвар Тоҷмаҳал, ки муддати ду моҳ дарҳои худро барои биннадагонаш баста буд, рӯзи чоршанбе боз шуд. Сабаби баста шудани Тоҷмаҳал авҷи сироят ба COVID-19 дар Ҳинд буд.
Ҳукумати Украина карантин дар ин кишварро то 31-уми август тамдид кард.
Қазоқистон воксини тавлиди ин кишвар зидди коронавирус бо номи QazVac-ро ба кишварҳои Созмони ҳамкориҳои исломӣ пешниҳод мекунад. То 17-уми июни соли равон дар ин кишвар 404 064 нафар ба КОВИД-19 сироят шуданд.
Дар Қирғизистон шумори умумии мубталоён ба Covid-19 ба 111 990 расид. Ҳоло 6 513 нафар дар беморхонаҳо муолиҷа мешаванд ва 102 нафар ҳоли вазнин доранд. Сатҳи маргумир аз коронавирус дар ин кишвар 1,71% гуфта мешавад.
То ба имрӯз дар Узбекистон 104 463 нафар чун гирифтор ба Covid-19 ба қайд гирифта шуданд. 23 нафар ҳоли вазнин доранд. Сатҳи маргумир 0,68%.
Бонки Осиёии Рушд барои харидории воксин зидди коронавирус ба Тоҷикистон 25 миллион доллар грант ҷудо кард. Ба ин маблағ қарор аст наздик ба 3 миллион доза харидорӣ шавад. Ин воксинҳо ба 2,5 муассисаи давлатии Тоҷикистон расида мешавад. Воксинҳоро Хазинаи бачаҳои СММ харидорӣ мекунад.