Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар доираи татбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба оид ба омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо ва Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе, инчунин баланд бардоштани тахассуси воҳидҳои наҷот дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 14 нафар наҷотбахшон як давраи омӯзишӣ оғоз шуд.
Дар оғози машғулиятҳо сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд полковник Додиён Баҳром Одина ба ташкилкунандагони машғулиятҳо, ба Роҳбарият ва намояндагони САҲА изҳори минннатдории хешро баён намуда, зикр кард, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон робитаи зич дошта, то кунун бо дастгирии ташкилоти мазкур бо ҳайати шахсӣ якчанд курсҳои омӯзишӣ гузаронида шудааст.
Ташкил намудани машғулиятҳои омӯзишии мазкур баҳри баланд бардоштани савияи дониш, малака ва маҳорати ҳайати шахсии Дастаи махсуси зудамали наҷот дар ташкил ва гузаронидани корҳои садамавӣ-наҷот ва дигар корҳои таъхирнопазир дар ҳудуди вилоят мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки дар давоми 26 рӯз наҷотбахшон малакаҳои худро дар амалӣ намудани усулҳои муосири амалиёти наҷот бо истифодаи як қатор таҷҳизоти махсуси наҷот ва воситаҳои муҳофизати шахсӣ такмил медиҳанд. Таълимро устодони касбӣ мегузаронанд.
Имдодгарон аз нигоҳи назариявӣ донишҳои худро такмил медиҳанд, бо ёрии воситаҳои техникӣ ва таҷҳизот омӯхтаҳои худро дар амал месанҷанд ва малакаву маҳорати худро беҳтар мекунанд.
Ҳадафи ин тамрин баланд бардоштани сатҳи дониш ва омодагии имдодгарон ба ҳама гуна офатҳои табиӣ, наҷот додани шаҳрвандон ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқуллодаи табиӣ ва техногенӣ, баланд бардоштани омодагиҳои ҷисмонии онҳо мебошад.
Шаҳзода Бутаева