16 ҳодисаи лағзиши тарма ва ду сангрезӣ дар қаламрави ВМКБ зарфи як шабонарӯз

31-уми марти соли равон дар қаламрави ноҳияҳои Роштқалъа, Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ 16 ҳодисаи лағзиши тарма ва ду сангрезӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа дар минтақаҳои мухталифи роҳҳои мошингарди  Хоруғ-Роштқалъа ва Хоруғ-Мурғоб ҳаракати мошинҳо қатъ шуд. Ин тармаву сангрезиҳо талафоти ҷониву хисорати молӣ надоштанд.

Барои бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва тоза кардани роҳҳо аз ҷониби Вазорати нақлиёти кишвар техникаи махсус ҷудо карда шуд. 

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Ванҷ шабонарӯз навбатдорӣ мекунанд.   

Аз сабаби бориши зиёд ва баланд шудани дамои ҳаво дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеъи марказ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва қисми ғарбии ВМКБ хатари фаромадани тарма, сангрезиҳо ва омадани селу обхезиҳо, яхбандии шабона дар минтақаҳои сард, дар ағбаҳо ва дигар роҳҳои кӯҳӣ боқӣ мондааст. Эҳтимоли туман дар водиҳо низ зиёд аст.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинони кишвар муроҷиат мекунад то аз рафтан ба минтақаҳои тармахезу хатарноки кӯҳӣ худдорӣ намоянд.

Муддати ба ғунучини ҳезум, шикор, чорвочаронӣ дар доманакӯҳҳо ва ё моҳидорӣ лаби соҳилҳое, ки эҳтимоли баланд шудани сатҳи обашон зиёд аст, нараванд.

Корҳои кишоварзиро ҳам метавон ба хотири ҳифзи амнияту бехтарӣ муддате таъхир кард. 

Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо ҷиддан ба қоидаҳои бехатарӣ ва ронандагӣ риоя кунанд. Бахусус боло бурдани суръати ҳаракат дар ағбаҳо ва риоя накардани фосилаи байни мошинҳо хатари зиёд дорад.

Эётиёт кунед! Ҷони худ ва ҷони ҳамсафарони худро дар хатар нагузоред!!! 

барчасп: