Оғози марҳилаи аввали омӯзишӣ барои кормандони КҲФ дар Маркази таълимӣ

Бо мақсади тайёр кардан ва такмили ихтисоси мутахассисони марказҳои таълимию методӣ дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, марҳилаи якуми курсҳои дурӯзаи омӯзишӣ барои 20 корманди марказҳои таълимию методии минтақаҳои тобеи ҷумҳурӣ оғоз ёфт.

Давраҳои омӯзишии мазкур аз чор марҳила иборатанд, ки дар онҳо кормандони марказҳои таълимию методии ВМКБ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон низ ҷалб карда мешаванд.

Дар давоми ду рӯз кормандонро бо усулҳои нави таълими мудофиаи гражданӣ, барномаи омӯзишӣ барои шахсони мансабдор ва он кормандони Кумита, ки нав ба кор қабул шудаанд, дастурҳои методӣ оид ба тартиб, ташкил ва гузаронидани машқҳои мудофиаи шаҳрвандӣ, инчунин ҳуҷҷатнигории онҳо шинос хоҳанд кард.

Давраҳои омӯзишии мазкур дар доираи ҳамкориҳои минбаъда бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ташкил карда шудаанд. Дар маросими ифтитоҳи он сардори Департаменти иқтисод ва муҳити зисти Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ҷаноби Филиппо Кривелли ширкат варзид.

барчасп: