Марде, ки дар соҳили рӯди Душанбе худро овехт, аз ноҳияи Ҷаббор Расулов будааст

Субҳи имрӯз, сешанбе, 30-уми март соати 09:05 дақиқа сокини пойтахт Суҳроб Назаров ба навбатдори маркази идории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод‚ ки дар кӯчаи Соҳилии ноҳияи Фирдавсӣ, маҳаллаи Сабзкор марди ношиносе худро овехтааст.

Баъди дарёфти хабар ҳайати гурўҳи якуми Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуд.

Маълум гардид, ки як зодаи 42-солаи ҷамоати Зарафшони ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ба сабабҳои номаълум худро дар бетони рӯди Душанбе  овехтааст. 

Имдодгарон ҷасадро аз девори бетонии соҳил поин оварданд ва ба кормандони милитсияи ноҳия, ки ба ҷойи ҳодиса даъват шуда буданд, супурданд.

Сабаби даст ба амали худкушӣ задани ин марди 42-сола маълум нест. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷараёни ҳодисаро тафтиш мекунанд.

О.Фахриддинзода