27-уми марти соли 1977 дар фурудгоҳи Лос-Родеос – дар ҷазираи Тенериф (ҷазираҳои Кунар) ду ҳавопаймо: Boeing 747-206B мансуб ба ширкати ҳавопаймоии KLM (хатсайри KL4805 Амстердам—Лас-Палмас-де-Гран-Кунар) ва Boeing 747-121 аз ширкати Pan American (хатсайти PA1736 Лос-Анҷелес—Ню-Йорк—Лас-Палмас-де-Гран-Кунар) ба ҳам бархӯрданд. Дар фоҷеаи мудҳиш 583 нафар кушта шуданд: ҳамаи 248 нафар аз хатсайри 4805 (234 мусофир ва 14 ҳайати хадама) ва аз 396 нафар 335 тан дар ҳавопаймои хатсайри 1736 (380 мусофир ва 16 ҳайати хадама) буданд.
Ин бархурд мудҳиштарин садамаи ҳавопаймоӣ (ба теъдоди ҳалокшудагонаш) дар тамоми таърихи авиатсияи ҷаҳонӣ боқӣ мондааст.
Boeing 747-206B соли 1969 истеҳсол шуда, аввалин парвози худро 24-уми декабри ҳамон сол анҷом додааст. 20 январи соли 1970 ба ширкати ҳавопаймоии Pan American расидаву номи Clipper Victor (дар оғоз Clipper Young America)-ро гирифтааст.
Беш аз 70 мутахассис аз кишварҳои Испания, Нидерландия ва ИМА ҳамроҳ бо намояндагони ҳарду ширкати ҳавопаймоӣ сабабҳои ин фоҷеаро санҷидаанд. Билохира, ба натиҷа расидаанд, ки халабонҳои Boeing KLM дастури диспетчерро нодуруст фаҳмидаанд.