Рӯзи гузашта Роҳбарияти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ҳайати Намояндагии Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон (КБСС) мулоқот кард. Дар вохӯрии мазкур сардори Раёсат полковник Додиён Баҳром Одина ба ҳайати Намояндагии Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон (КБСС) вобаста ба омода намудани мутахассисон дар самти кор бо ҷасадҳои дар ҳолатҳои фавқулодда ҳалокшуда, баргузории семинар машваратҳои омӯзишӣ ибрози назар намуд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки вохӯрии мазкур дар ҳошияи ҳамкориҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Намояндагии Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон (КБСС) сурат гирифт.
Дар поёни чорабинӣ баҳри мустаҳкам намудани заминаи техникии Раёсат таҷҳизотҳои махсус барои кор бо ҷасадҳои ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулодда ҳалокшуда тақдим шуд.
Шаҳзодахон Бутаева