Ширкат дар Конфроннси байналмилалии коҳиши хатари офатҳо, ки онлайн баргузор шуд

17-уми марти соли 2021 ҳайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода дар Конфронси 8-уми вазоратии Ҳамкориҳои байналмилалии иқтисодӣ оид ба идораи хатари офатҳои табиӣ, ки дар низоми онлайн баргузор шуд, ширкат намуд.

Дар кори ин конфронс роҳбарон ва намояндагони идораҳои наҷоти Озарбойҷон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон ва Туркманистон иштирок намуданд.

Ҳадафи аслии конфронс қабули барномаи минтақави Ҳамкориҳои байналмилалии иқтисодӣ дар мавриди коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва харитаи роҳ оид ба татбиқи он (барои солҳои 2021-2025) буд.

барчасп: