Мулоқот бо намояндаи Барномаи Рушди СММ

17 – уми марти соли 2021 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҳайати Барномаи Рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо сарварии Намояндаи доимӣ ва Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Партибҳа Меҳтаро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамкориҳои минбаъдаи Барномаи Рушди СММ ва КҲФ дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар соли 2021 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аз ҷумла масъалаҳои тамдиди лоиҳаи “Таҳкими зарфиятҳои коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва вокуниш”, ки миёни КҲФ, Ҳукумати Ҷопон ва Барномаи Рушди СММ имзо шудааст, интиқоли таҷҳизоти серверии Платформаи Миллии Миллӣ ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ба итмом расонидани сохтмони анборҳои ғайриозуқа, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон ва шаҳри Хоруғи ВМКБ бунёд мешаванд, васеъ намудани майдони фарогирии Рақами ягона наҷоти "112" ва татбиқи лоиҳаҳои корҳои соҳилбандӣ баррасӣ шуданд.

 Сарвари Кумита изҳори умедворӣ кард, ки ин масъалаҳо ба манфиати мардуми Тоҷикистон ҳарчи зудтар роҳи ҳалли худро меёбанд. 

Дар навбати худ хонум Меҳта ба ҳавасмандии худ дар ҳамкориҳои минбаъдаи наздик бо КҲФ таъкид кард.

барчасп: