Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: То 19-уми март хавфи тармаву сел боқӣ хоҳад монд!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии кишвар то 19-марти соли 2021 дар ноҳияҳои кӯҳӣ хавфи лағзиши тарма, резиши сангу рег ва дар водиҳо, минтақаҳои наздикӯҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеъи марказ боқӣ мемонад.

Ғайр аз ин дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд эҳтимоли шамоли сахт, ки то  20-25 м/с ва дар баъзе маҳалҳо 25-30 м/с мевазад, вуҷуд дорад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш мекунад то ҳадди имкон аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои тармахез худдорӣ кунанд, ба ҷамъоварии ҳезум ё чорвочаронӣ нараванд.

Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатарӣ, аз ҷумла фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя намоянд.

барчасп: