Давраи омўзишии “Зарфиятҳои устувори амалиёти саҳроӣ”, ки аз 15 феврал то 13 марти соли ҷорӣ идома дошт, ба анҷом расид. Дар маросими хатми ин давраи омӯзишӣ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - лейтенант Рустам Назарзода, Роҳбар-Сафири Барномаи САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Валериу Кивер ва муовини роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Петра Гашпарова иштирок намуда, ба наҷотдиҳандагон шаҳодатномаҳои САҲА ва Иттиҳодияи Аврупо супориданд.
Дар ҷараёни маросими эътои шаҳодатномаҳои хатм ҳамчунин Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода сарвари нави Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон полковник Ҷамшед Маҳмадзодаро ба ҳайати шахсӣ муаррифӣ намуд.
Дар нимаи дуюми руз бо иштироки Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоxикистон, меҳмонон ва раиси ноҳияи Кўшониён И. Вализода аз ҷараёни бунёди анбори замонавӣ бо ҳама шароитҳо барои захираи маводҳои моддӣ ва техникӣ ба 500 нафар аҳолии зарардида аз ҳолатҳои фавқулодда, ки дар остонаи ба анҷом расидан қарор дорад, дидан намуданд.
Гуфтанист, ки ин анбор дар ҷамоати Бӯстонқалъаи ноҳияи Кушониён бо маблағгузории Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Ҳукумати Ҷопон сохта мешавад.
Баъди боздид аз рафти сохтмон Раиси Кумита барои босифат ва сари вақт ба анҷом расонидани сохтмон дастуру супоришҳои иловагӣ дод.
Инчунин меҳмонон аз Осорхонаи таъриху кишваршиносии “Авасто”-и вилояти Хатлон дидан намуда, доир ба таърихи миллату кишвар, ниёкони некноми мо ва дастовардҳои Истиқлол шинос шуданд ва ба суолҳои худ аз роҳбаладони осорхона посухҳо дарёфт намуданд.
М.Муйдинов